Чаҳорумин солгарди фоҷеаи хунини зиндони “Ваҳдат”

Ба муносибати чаҳорумин солгарди шуҳадои фоҷеаи зиндони “Ваҳдат” сомонаи “ТоҷикПресс” мусоҳибае бо фарзанди Шаҳид Сайид Қиёмиддини Ғозӣ анҷом додааст, ки онро пешкаши хонандагони азиз менамояд.

Худои ҳаким мефармояд:

وَ لَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ (آل عمران، 169)

“Ва ҳаргиз гумон мабар касоне, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда ҳастанд, балки зиндаанд, назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.”

Даромад

Дар арафаи чаҳорумин солгарди фоҷеаи хунини зиндони Ваҳдат ҳастем. Соли 2019 буд, ки хабари куштори фаҷеи ҷамъе аз зиндониён дар моҳи мубораки Рамазон, даҳҳо хонаводаро доғдор ва ашки ҳазорон нафарро ҷорӣ кард. Дар миёни қурбониёни ин фоҷеа чеҳраҳои маъруфи исломии кишвар, шаҳидон сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ки ба иттиҳоми гароиш ба ташайюъ ва таблиғи он, махдуми Абдусаттор ба хотири узвияти раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва шайх Темур яке аз чеҳраҳои маъруфи тасаввуф, ки давраи маҳкумияти худро сипарӣ мекарданд диққати ҳамаро бештар ҷалб кард. Бинобар гузориши расмӣ зиндонии дигар Беҳрӯз Ҳалимов писари Гулмурод Ҳалимов собиқ фармондеҳи неруҳои вижаи ОМОН, ки ба ҷангҷӯёни ДИИШ пайваста буд, омили ин куштор муаррифӣ шуд ва худаш ҳам дар ин даргириҳо кушта шуд, вале ривоятҳои дигаре ҳам аз илал ва авомили ин фоҷеа ба хусус куштори намояндагон ва чеҳраҳои сиёсӣ ва мазҳабии кишвар вуҷуд дорад, ки то кунун баён шуда ё ҳанӯз расонаӣ нашудааст ва гузари замон нишон додааст, ки ривоятҳои дигар ҳам аз ҳаводиси кишвар мисли қазияи қатли Алии Бедакӣ ё қазияи дастгирии Шарофиддин Гадоев таъйид ва тақвият шуданд. Ҷолиб ин ҷост, ки аз ин фоҷеа ҳеҷ акс ва ё филме пахш нашуда ва тариқаи додани ҷасадҳои қурбониён ба хонаводаҳояшон ва маросими хоксупории онҳо ҳам ба сурати хоссе анҷом шуд. Ба рӯҳи ҳамаи шаҳидон ба хусус шаҳидони Рамазон ва зиндони Ваҳдат дуруд мефиристем ва бо хонаводаҳояшон изҳори ҳамдардӣ мекунем. Сомонаи ТоҷикПресс ба ҳамин муносибат бо чанд тан аз наздикон ва ошноёни шуҳадо мусоҳибае анҷом додааст. Инак ҷавобҳое, ки сайид Муҳаммади Ғозӣ писари шаҳид сайид Қиёмиддини Ғозӣ дар ихтиёри сомона қарор додааст, пешкаши хонандагон мешавад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки сайид Муҳаммади Ғозӣ чанд моҳест дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ назири Фейсбук ва Ютуб бо унвони Андешкадаи роҳбурдии “Мисбоҳ” фаъолият дорад ва дар мавзӯъҳои мухталиф изҳори назар кардааст, ки мухотабон худ метавонанд ба он муроҷеа намуда ва онро арзёбӣ кунанд ва бо ишон назароти худро дар миён бигузоранд.

Сомонаи ТоҷикПресс: Саломун алайкум. Аз шумо барои пазириши ин мусоҳиба ташаккур мекунем. Дар оғоз бо ёдоварии айёми аз даст додани падари шаҳидатон бо шумо изҳори ҳамдардӣ дорем. Худованд рӯҳи ҳамаи гузаштагон ва шаҳидон ба хусус падари шаҳиди шуморо шод намояд.

Сайид Муҳаммади Ғозӣ: Ва алайкумуссалом. Ман ҳам аз фурсате, ки фароҳам кардед ва аз изҳори ҳамдардиятон ташаккур мекунам. Воқеан ёдоварии он рӯзи талх ҳанӯз бароямон сахт аст. Худованд ҳамаи гузаштагон ба хусус падари шаҳидамро раҳмату мағфират кунад ва ба мо тавфиқ диҳад, ки фарзанди шоистае барои ишон бошем.

  1. Лутфан аз зиндагинома ва насаби падари шаҳидатон барои хонандагон маълумоте бидиҳед.

Зодгоҳ, хонавода ва насабнома

– Падари шаҳиди мо сайид Қиёмиддини Ғозӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) дар таърихи 21/03/1952 дар водии Ҳисори Тоҷикистон дар деҳаи “Қалам туғай” ба дунё омадааст. Хонадони ғозиҳо аз эшонҳои машҳури муқими “минтақаи Кангурт” буданд, ки баъдан ба “водии Ҳисор” рафтанд ва сипас бархе аз онон дар ноҳияи “Ғозималик” сокин шуданд. Силсилаи насаби ин хонадон аз тариқи имомзода ҳазрати сайид Мӯсо Мубарқаъ (раҳматуллоҳи алайҳ), ки мазораш дар минтақаи “Чиҳил ахтарон”-и шаҳри Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ба имоми нӯҳум ҳазрати Муҳаммад ибни Алӣ маъруф ба Ҷавод (рҳ) мерасад.

– Падарбузурги мо сайид Имомиддини Ғозӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) аз шахсиятҳои барҷастаи исломӣ ва шоири шинохта буд. Падарбузурги падари шаҳидам ҳазрати сайид Ғозӣ хаттоти камназир, донишманд, ҳофизи кулли Қуръони Карим ва аз шогирдони марҳум мавлавӣ ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ буд, ки падараш марҳум сайид Шоҳгардалӣ мадрасаҳои динии Кобул ва Ҳироти Афғонистонро хатм намуда ва бо рӯҳияи инқилобӣ раҳбарии маънавии ҷунбиши шаҳид “Восеъ”-ро дар соли 1888 мелодӣ ба ӯҳда доштанд.

  1. Таҳсилоти падари шаҳидатон чӣ миқдор ва дар кадом заминаҳо буд?

– Таҳсилоти падари шаҳидамро дар ду бахш ба сурати мухтасар метавон чунин баён кард:

А: Таҳсилоти классик

– Марҳуми падарам дар 6-солагӣ (1958) ба мактабхонаи деҳаи “Даҳана киик”-и ноҳияи Ғозималик рафт. Чанд соли ибтидоии мактабхонаро дар ҳамин деҳа ва баъдҳо дар минтақаи “Фахробод” ба итмом расонд. Солҳои 1993-1996 риштаи сиёсат ва ҳуқуқи донишгоҳи Кобулро дар сатҳи бакалавр хатм ва аз дасти шаҳиди қаҳрамон марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд дипломи худро дарёфт намуд. Ҳамчунин дар соли 2001 муваффақ шуд дипломи доктории риштаи адабиёти форсии донишгоҳи аллома Иқболи Исломободро ба даст оварад.

 Б: Таҳсилоти динӣ

– Аввалин сабақҳои маорифи диниро назди падарбузургашон ҳазрати эшони сайид Ғозӣ омухт ва сипас назди падар ва дигар устодон аз ҷумла мулло Сафаралӣ ва мулло Давлат таҳсили худро идома дод. Дар 12-солагӣ (1964) ба шаҳри Душанбе рафт ва аз дарси маорифпарвари бузург домулло Орифуллоҳи Андиҷонӣ баҳра бурд ва баъд аз як сол (1965) озими шаҳри Намангон шуд ва аз маорифпарвари дигар домулло қорӣ Икроми Намангонӣ дарс омухт.

– Соли 1968 бо тавсияи домулло қорӣ Икром барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе баргашт ва хидмати мавлавӣ қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонии Қуқандӣ шарафёб гашт ва то соли1982 ба муддати 14 сол касби файз намуд. Ҳамзамон аз соли 1968 дар хидмати маорифпарвар, сиёсатмадор, донишманд, шоир ва ҳофизи кулли Қуръон домулло Аҳмади Бухороии Исфаҳонӣ маъруф ба мулло Мурод ё шиаи эронӣ машғул ба таҳсил шуд.

– Дар даврони муҳоҷират (1997 -1992) узви Шӯрои уламои Афғонистон шуд ва бо оятуллоҳ Муҳсинӣ ва оятуллоҳ Муҳаққиқи Кобулӣ ва ҳамчунин шаҳид Абдулалии Мазорӣ робитаи хубе дошт, аз ин рӯ баъдҳо дар ҷанги машҳури миёни аҳзоби исломии Афғонистон дар Кобул, миёни шаҳид Мазорӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд нақши миёнҷиро иҷро намуд. Дар он айём ба муддати ду сол дар Арабистони Саудӣ таҳсил кард ва сипас аз соли 2001 то 2003 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз маҳзари уламое чун оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ ва оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ ва оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ касби файз намуд.

  1. Аз фаъолиятҳои омӯзишӣ, таблиғӣ ва муборизоти сиёсии шаҳид бигӯед.

– Хонадони ғозиҳо ҳамеша ба таносуби шароити замон ва ҷойгоҳи иҷтимоии худ машғули фаъолиятҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва таблиғӣ буданд ва падари бузургворам шаҳид сайид Қиёмиддини Ғозӣ ҳам аз овони ҷавонӣ ва ҳамзамон бо таҳсили улуми динӣ ба таблиғи маорифи динӣ ва тарбияти шогирдон дар манотиқи мухталифи кишвар машғул шуд. Эшон аз ҷануби кишвар аз Кулоб ва Данғара то Қубодиён ва шаҳри Бохтар ва навоҳии марказӣ ва шаҳри Душанбе ва ҳамчунин то шимоли кишвар дар Истаравшан ва Исфара шогирдон ва алоқамандони зиёде дошт.

– Чанде баъд муваффақ шуд бо иҷозати расмии “Идораи қозиёт”-и вақт, масҷид ва мадрасае дар ноҳияи Ғозималик бино кунад ва наздик ба чаҳорсад талабаи улуми диниро ҷамъ намояд. Ҳамчунин аз соли 1989 расман ба унвони устоди мадрасаи собиқ имом Тирмизӣ ва имрӯза ба номи имом Абӯҳанифа дар шаҳри Душанбе ба тадрис пардохт, ки дар дарси ишон домулло Маҳмудҷони Тураҷонзода ҳам ширкат мекард.

– Ишон бо пуштвонаи рӯҳияи муборизотии хонадони Ғозӣ ва шогирдӣ назди устодони мубориз ба хусус домулло Аҳмади Бухороӣ аз соли 1970 ором-ором дар пайи таъсиси як ташкилоти сиёсии динӣ шуд ва соли 1972 бо марҳум устод Абдуллоҳи Нурӣ баъд аз борҳо ҳамфикрӣ ва ройзанӣ, муваффақ ба таъсиси “Созмони ҷавонони мусулмони тоҷик” шуданд, ки дар идомаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳо се нафари дигар – шаҳид қорӣ Муҳаммадҷон, мулло Қаландар ва мулло Неъматуллоҳ- низ ба ин ҳаракат пайвастанд ва ҷамъи панҷ нафариро ташкил доданд, аммо мутаассифона ихтилофи салиқаҳо ва манфиатгароии бархе монеи изҳори бештари ҳақоиқ дар ин замина шудааст.

– Фаъолиятҳои сиёсии он шаҳиди бузургвор то соли 2000 мелодӣ дар қолаби Наҳзати Исломии Тоҷикистон анҷом шуд, ки сафар ба тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз Бухоро ва Самарқанд ва Ишқобод то Боку ва бандари Одесса ва ҷазираи Крима ва Татаристон ва ғайра барои бедоргарӣ, эҷоди ҷунбишҳои маҳаллӣ ва ҷамъоварии кутуб, маҷаллот ва сафаҳоти динӣ; ҳузури муассир дар гирдиҳамоии шаҳри Қурғонтеппа дар ҳимоят аз устод Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 1986, ки ба дасти маъмурони амниятии Шӯравӣ боздошт шуда буд; ҳузур дар гирдиҳамоиҳои майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидони шаҳри Душанбе; ҳузур дар ҷаласаҳои расмӣ ба унвони музокиракунандаи аршади мухолифин бо раисҷумҳури вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар ҳукумати эътилофӣ; ҳузури ҷиддӣ дар таҳаввулоти соли 1992 то ҳадде, ки ба генерали мардумӣ маъруф шуда буд ва ҳиҷрат ба давлати исломии вақти Афғонистон ба унвони намояндаи марҳум устод Абдуллоҳи Нурӣ барои сомондеҳии вазъияти даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик; ҳузур дар майдони ҷиҳод ва ҷамъоварии кӯмакҳои башардӯстонаи кишварҳо барои муҳоҷирони тоҷик ва дар охир нақшофаринӣ барои сулҳ ва сафар ба минтақаҳои гуногуни кишвар барои баёни аҳаммияти сулҳу оромиш дар кишвар ва ҳамчунин се соли фаъолият дар зермаҷмӯаи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ аз ҷумла фаъолиятҳои муҳимми ишон аст.

– Марҳуми падарам баъд аз соли 2000 рӯйкарди мубориза ва фаъолиятҳои худро дар арсаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ тағйир дод ва даҳҳо ҳалқаи дарсӣ ва таблиғӣ дар ноҳияҳои мухталиф фаъол ва даҳҳо шогирд тарбият кард. Соли 2004 бо иҷозати расмӣ созмони “Шамс-ул-мунир”-ро бо ҳамкории бародарони худ ва баъзе аз устодони донишгоҳ ва ҳамчунин вазири асбақи Маориф таъсис кард, ки яке аз фаъолиятҳояш роҳандозии ҳафтаномаи “Мисбоҳ” буд ва солҳои 2004 то 2006 нашр мешуд.

  1. Ба назар шумо ормони шаҳид чӣ буд?

– Ормони падари шаҳиди мо ҳам мисли дигар шуҳадои Тоҷикистон хеле равшан иборат аст аз эҳё ва тарвиҷи арзишҳои имонӣ ва инсонӣ, ислоҳот дар ҷомеа, барпоии ҳукумати исломӣ, озодӣ, истиқлол ва ҳифзи каромати инсон, мубориза бо зулму золим, бозгашт ба хатту забони форсӣ ва ҳувияти асил.

  1. Шумо ба унвони хонаводаи шаҳид чӣ иқдомоте анҷом додаед?

– Соли 2007 муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии “Қиём”-ро бо назорат ва мудирияти падари бузургворам бо ҳадафи ҷамъоварӣ, ҳифз ва нашри осори ишон таъсис кардем, ки аз ҳамон замони дар қайди ҳаёт буданашон ва баъд аз шаҳодаташон то имрӯз Худоро шукр садҳо суханронӣ, мавъиза ва ҷаласаҳои дарсии ишон ҷамъоварӣ ва ба матн табдил шудааст, ки тақрибан ба панҷоҳ таълиф мерасад ва ҳамчунон ин раванд идома дорад. Ҳамчунин чанд сол пеш барои муаррифии сайру сулук ва андешаҳои шаҳид сайти Мисбоҳро роҳандозӣ кардем ва имрӯз низ канали Ютуби он фаъол аст. Дар ояндаи наздик баъзе аз таълифоти ишон ба хости Худо нашр хоҳанд шуд.

  1. Чӣ корҳоеро метавон барои зинда нигаҳ доштани ёди шуҳадо анҷом дод?

– Ба назар мерасад ҷамъоварии зиндагинома, васиятнома ва андешаҳо, корнома ва рашодатҳои онон, баргузории маросимҳои бузургдошт, сохти филмҳои мустанад ва филми кӯтоҳ ва эҳтирому такрими хонаводаи шуҳадо махсусан ҳамсарони шуҳадо аз муҳимтарин корҳо барои зинда нигаҳ доштани ёд ва роҳи шуҳадо аст. Албатта имрӯз фазои маҷозӣ беҳтарин васила барои муаррифии шуҳадо ва зинда нигаҳ доштани онҳо ва улгусозӣ аз онҳо барои насли навҷавон ва ҷавон аст.

  1. Чӣ интизоре аз мардум ва фаъолони арсаи иҷтимоии кишвар доред?

– Интизоротро метавон дар ду бахш баён кард:

  1. Аз ҳамаи касоне, ки осореро аз падари шаҳидам доранд мисли хотирот, акс, филм ё осори мактуб барои ҷамъоварӣ ва танзиму пешкаши онҳо ба насли имрӯз дар сурати имкон аз тариқи роҳҳои иртиботии ҳузурӣ ё фазои маҷозӣ дар ихтиёри мо қарор диҳанд, зеро ин хидмате дар ростои ҳифзи арзишҳо хоҳад буд ва ҳам миннате бар мо мениҳанд.
  2. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки падари шаҳидам дар арсаи майдонии чанд даҳа ба хусус даҳаи пурилтиҳоби навадуми қарни 20 фаъолият дошт интизор меравад, ки дар арзёбии амалкарди ишон ва доварӣ нисбат ба он, ҷониби инсоф риоят ва ба манобеи бо эътимод муроҷеа шавад ва аз нақсҳо бо бузургворӣ чашмпӯшӣ кунанд.

Аз шумо барои қабули ин мусоҳиба ташаккур мекунем.

– Ман ҳам аз сомонаи ТоҷикПресс, ки ин иқдоми писандидаи гиромидошти ёду хотираи шаҳидоро пай гирифтааст, ташаккур мекунам. Дар охир ба рӯҳи ҳамаи шуҳадои Ислом ба хусус шуҳадои Тоҷикистон ва падари шаҳидам дуруд мефиристам. Рӯҳашон шод ва роҳашон пурраҳрав бод.

6 апрели 2023

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад