Солгарди шуҳадои рамазонии зиндони “Ваҳдат”

Қиёмиддини Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Шайх Темур дар миёни 32 куштаи ошуби зиндон

Моҳи майи 2019 хабари куштори хунини зиндониён дар зиндони Ваҳдат мунташир шуд. Бино бар гузоришҳо дар миёни 32 қурбонии ин фоҷеа чеҳраҳои маъруф ва машҳури сиёсӣ ва мазҳабӣ шаҳидон сайид Қиёмиддини Ғозӣ, махдуми Абдусаттор ва шайх Темур дида шуданд.

Мақомот Беҳрӯз Гулмурод писари фармондеҳи неруҳои ОМОН-и ҶТ Гулмурод Ҳалимов, ки ба ДИИШ пайваста буд ва се зиндонии дигарро ба унвони ҳамкор дар ин ҷиноят айбдор эълом карданд, ки худи онҳо ҳам дар ин ошуб кушта шуданд. Ҳарчанд баъдҳо дар бораи илал ва авомили ин куштори фаҷеъ гузоришҳои дигаре ҳам баён шуд ё шояд ҳанӯз расонаӣ нашуда бошад, ба хотири мунташир нашудани ҳеҷ акс ё филм аз ин фоҷеа ва шароити хосси додани ҷасадҳо ба хонаводаҳо ва маросими хоксупорӣ ҳанӯз саволҳои зиёде дар зеҳни афкори умумӣ барҷой мондааст. Ба ҳар ҳол ин фоҷеа рухдоди муҳим ба ҳисоб меояд.

Ба муносибати чаҳорумин солгарди шуҳадои фоҷеаи зиндони “Ваҳдат” сомонаи “ТоҷикПресс” дар назар дорад мусоҳибае бо наздикони шуҳадои маъруфи ин фоҷеа анҷом диҳад ва онро пешкаши хонандагон намояд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад