Ба гузориши хабаргузории “Ал-Масира”, “Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ” раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард: ҳамалот Исроил ба намозгузорон ва мӯътакифон дар Масҷидулақсо иқдоми шайтонӣ аст, ки бояд бо он муқобила шавад.
Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман афзуд: Ин вазифаи мусулмонон аст, ки дар канори мардуми мазлуми Фаластин қарор бигиранд. Истодани масъулона дар канори миллати Фаластин, душмани саҳюнистро шикаст хоҳад дод.
Вай изофа кард, лобии саҳюнистӣ – яҳудӣ дар сафи аввали авлиёи шайтон барои фасоди мардум ва ҷомеа аст.
Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, хостори ҳимояти ҳамаҷониба аз миллати Фаластин шуд ва иттихози мавзеъи дуруст дар қиболи душмани саҳюнистиро дорои аҳамияти зиёде донист.
Аз сӯи дигар “Меҳди ал-Машат”, раиси шӯрои олии сиёсии Яман низ ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсоро маҳкум кард.
Вай гуфт: Мо дар Яман ва бо вуҷуди шароити кунунӣ, муштоқ ҳастем, ки нақши муассир ва амалӣ барои озодии Фаластин дошта бошем.