Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ

Эмомалӣ Раҳмон дар дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ширкат намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об суханро ба дабири кулли СММ, раиси Маҷмаи Умумии СММ ва Раиси ниҳоди СММ – Об Жилбер Ҳунбо дода, сипас бо нутқи ҷамъбастӣ баромад намуд.

Президенти кишвар зимни суханронӣ гуфт:

Дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми СММ оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.

Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадем.

Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст. Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад.

Мо зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк мекунем.

Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: Гарчанде ин конфронс дар давраи миёнаи татбиқи Даҳсолаи амал оид ба об барои рушди устувор доир мегардад, ба назари мо, ин оғози шоҳроҳи нави амалҳои мушаххаси мо мебошад.

Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамоям.

Рӯзи 25 март конфронси ҷамъбастӣ сурат гирифт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ зикр намуд, ки “об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст ва бинобар ин бо қудрати об тамоми ҷаҳон дар ин чорабинӣ ҷамъ омад.

Президент даъват кард, ки ҳамагон бояд дар атрофи муттаҳид шаванд ва набояд фурсати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба он аз даст равад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: “Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем”.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи 20 март барои анҷом додани сафари корӣ ба Амрико рафт. Ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад