Ба дунболи даргирӣ бо Эрон нестем

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико субҳи имрӯз таъкид кард, ки дар пайи даргирӣ бо Эрон нест.

Ҷо Байден, президенти Амрико субҳи имрӯз дар изҳори назаре дар робита бо даргириҳои ахир дар Сурия таъкид кард, ки дар пайи муноқиша бо Эрон нест.

Президенти Амрико гуфт, ки рӯзи гузашта ҳамлае ба неруҳои ин кишвар дар Сурия анҷом шудааст ва ӯ дастур дода, ки ҳарчи зудтар ба он посух дода шавад.

Вай илова кард: “дар пайи даргирӣ бо Эрон нестем, аммо омодаем барои муҳофизат аз неруҳоямон ба зур мутавассил шавем.”

Изҳороти Байден дар ҳоле матраҳ мешавад, ки расонаҳои хабарӣ шомгоҳи ҷумъа аз ҳамла ба ду пойгоҳи ғайни қонунии Амрико дар шарқи Сурия хабар доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад