Афзоиши теъдоди муҳоҷирони депортшуда аз Русия

Дар Русия шумораи нақзи қонунҳои муҳоҷират ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар будубоши ғайриқонунии хориҷиёнро сабт кардаанд. 

Дар Русия шумораи нақзи қонунҳои муҳоҷират ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар будубоши ғайриқонунии хориҷиёнро сабт кардаанд.

Ба гузориши манбаъ:

Теъдоди хориҷие, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, дар соли гузашта беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Чунин маълумотро вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеъи солонаи коллегияи ин идора пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони вазорат дар бахши манзил ва ҷойҳои фаъолияти кории муҳоҷирон, сохтмонҳо, савдо ва хидматрасонӣ ҳудуди 300 ҳазор санҷиш гузаронидаанд.

Вай гуфт:

“Натиҷаи санҷиши ҳамаҷониба беш аз 2,5 баробар афзудани шумораи шахсоне буд, ки аз ҳудуди Русия ихроҷ ва депорт карда шудаанд”.

Колоколтсев қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ назорати риояи қонунҳои муҳоҷиратро идома дода, ба коҳиши теъдоди хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия буду бош доранд, мусоидат мекунад.

Вай тавзеҳ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 17% ҳодисаҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва 11% қайди қалбакии шаҳрвандон сабт шудааст.

Қобили зикр аст, ки теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират нисбат ба соли 2021 қариб 50% афзоиш ёфтааст.

Соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 214,8 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 – 47,1% зиёд мебошад.

Вуруди беш аз 48 000 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар манъ шуда, беш аз 33 000 қарори ихроҷи маъмурӣ қабул шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар Думаи давлатии Русия бар ин назар омадаанд, ки афви муҳоҷирони қаблан ихроҷшуда барои қонуншиканиҳои ночиз ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар соҳаи сохтмон ва Хоҷагии манзилию коммуналӣ кӯмак мекунад.

Артем Кирянов, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати иқтисодӣ ин ақидаро баён кардааст, менависад Интерфакс.

Кирянов гуфтааст: “Албатта, мо намегӯем, ки баргардонидани шахсони машғул ба фаъолияти ғайриқонунӣ лозим аст. Лекин, масалан, афви шахсоне, ки муҳлати будубошро риоя накардаанд ё қонуншикании маъмурӣ содир кардаву ба касе зарарашон нарасидааст, ба ақидаи ман имконпазир аст”.

Ӯ таъкид доштааст, ки сохтори имрӯзаи бозори кор ҳам дар соҳаи сохтмон ва ҳам дар кори зерсохтори Хоҷагии манзилию коммуналӣ мушкилиҳо пеш меорад.

Кирянов илова кардааст: “Аз ин рӯ, агар онҳо хоҳиши омадану бо шартҳои аз ҷониби Русия пешниҳодшуда кор карданро доранд, албатта, мо набояд ба ин муқобил бошем”.

Дар бораи баррасии ин масъала дар мусоҳиба ба “Интерфакс” вакили Думаи давлатии Русия Владимир Ресин низ изҳори назар карда буд.

Ресин афзуд: “Вазорати сохтмон ва ҳукумат вазъиятро пайгирӣ доранд ва омодаанд, ки дар сурати зарурат, тадбирҳои иловагӣ ҷорӣ созанд. Масалан, имкони эълони афв ба муҳоҷирони корие, ки замоне барои риоя накардани реҷаи (қоидаҳои) муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад