Вокуниши вайронгари Русия ба боздошти Путин дар Олмон

Мақоми аршади рус ба шиддат ба олмониҳо дар бораи ҳаргуна моҷароҷӯӣ алайҳи Путин ҳушдор дод ва аз он ба манзилаи эъломи ҷанг алайҳи Русия ном бурд.

Ба гузориши хабаргузории “Русия ал-Явм”, “Дмитрий Медведев”, ноиби раиси шӯрои амнияти Русия гуфт: талош барои боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар хориҷ аз кишвар бар асоси ҳукми додгоҳи кайфарии байналмилалӣ, сабаби бурузи ҷанг хоҳад шуд.

Вай афзуд: ин мавзӯъ ҳаргиз рух нахоҳад дод, аммо биёед тасаввур кунем, ки иттифоқ афтода ва раиси ҷумҳури як кишвари ҳастаӣ масалан ба хоки Олмон рафта ва боздошт шудааст. Ин яъне чи? Қатъан ба масобаи эъломи ҷанг алайҳи Русия аст; Дар чунин вазъияте ҳарчи дорем барои ҳадаф қарор додани Бундестаг ва дафтари садри аъзами Олмон ва дигар амокун, равона карда ва ба парвоз дармеоварем.

Изҳороти Дмитрий Медведев дар вокуниш ба изҳороти вазири додгустарии Олмон сурат гирифт, ки гуфта буд агар Путин ба ин кишвар биёяд, мақомоти мо ҳукми додгоҳи кайфарии байналмилалиро иҷрои хоҳанд кард.

Медведев бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт: оё медонад, ки ин мавзӯъ боиси ҷанг мешавад? Ин эъломи ҷанг аст ё инки ин вазири олмонӣ ба хубӣ дар мадраса омӯзиш надидааст?

Ноиби раиси шӯрои амнияти Русия баён кард: ҳукми додгоҳи байналмилалии кайфарӣ мушкилоти азиме дар равобити Русия бо ғарб эҷод мекунад; Равобите, ки ба худии худ бисёр бад ҳаст.

Вай таъкид кард: равобити мо бо ғарб бидуни он ҳам дар авҷи тирагӣ қарор дошт ва шояд дар бадтарин вазъияти худ дар кулли таърих. Дар бештари авқот ин равобит ҳатто пас аз суханронии Черчил дар Фултон (суханронии машҳури Черчил сиёсатмадори биритониёӣ дар шаҳри Фултон дар 5 март 1946) ҳам, беҳтар аз ҳоло буд ва ба ногаҳон ғарб чунин тасмимеро дар бораи раиси кишвари мо гирифтанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад