Камбуди муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Астрахани Русия

Мақомоти вилояти Астрахани Русия умедвор аст ба корҳои мавсимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи миёнаро ҷалб намояд.

Мақомоти вилояти Астрахани Русия умедвор аст ба корҳои мавсимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи миёнаро ҷалб намояд.

Ба гузориши манбаъ:

Норасоии коргарон, ба хусус дар бахши кишоварзӣ мақомоти Астраханро маҷбур кард, ки дар мавсими кишту кор дар фикри пур кардани бошад.

Дар ин бора мақомоти вилояти Астрахани Русия хабар додааст.

Дар вилоят моҳидорон, кормандони савдо, растанипарварон ва сабзавоткорон намерасанд.

“Агар муҳооҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба корҳои саҳроӣ даъват карда шаванд, пас мушкили норасоии мутахассисони баландихтисос барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ муҳим аст.

Дар ҷаласаи комиссияи сеҷонибаи минтақавӣ дар бораи танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатӣ гуфта шуд, ки дар соли 2023 квотаи ҷалби коргарони хориҷӣ боқӣ мемонад.

Ёдовари мекунем, ки танҳо аз моҳи январ то сентябри соли 2022 2,7 млн нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд, иттилоъ дода буд RT дар истинод бо ВКД Русия.

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони тоҷик тақрибан 27,5% шумори умумии муҳоҷирон дар Маскавро ташкил медиҳанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар Думаи давлатии Русия бар ин назар омадаанд, ки афви муҳоҷирони қаблан ихроҷшуда барои қонуншиканиҳои ночиз ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар соҳаи сохтмон ва Хоҷагии манзилию коммуналӣ кӯмак мекунад.

Артем Кирянов, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати иқтисодӣ ин ақидаро баён кардааст, менависад Интерфакс.

Кирянов гуфтааст: “Албатта, мо намегӯем, ки баргардонидани шахсони машғул ба фаъолияти ғайриқонунӣ лозим аст. Лекин, масалан, афви шахсоне, ки муҳлати будубошро риоя накардаанд ё қонуншикании маъмурӣ содир кардаву ба касе зарарашон нарасидааст, ба ақидаи ман имконпазир аст”.

Ӯ таъкид доштааст, ки сохтори имрӯзаи бозори кор ҳам дар соҳаи сохтмон ва ҳам дар кори зерсохтори Хоҷагии манзилию коммуналӣ мушкилиҳо пеш меорад.

Кирянов илова кардааст: “Аз ин рӯ, агар онҳо хоҳиши омадану бо шартҳои аз ҷониби Русия пешниҳодшуда кор карданро доранд, албатта, мо набояд ба ин муқобил бошем”.

Дар бораи баррасии ин масъала дар мусоҳиба ба “Интерфакс” вакили Думаи давлатии Русия Владимир Ресин низ изҳори назар карда буд.

Ресин афзуд: “Вазорати сохтмон ва ҳукумат вазъиятро пайгирӣ доранд ва омодаанд, ки дар сурати зарурат, тадбирҳои иловагӣ ҷорӣ созанд. Масалан, имкони эълони афв ба муҳоҷирони корие, ки замоне барои риоя накардани реҷаи (қоидаҳои) муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад