Заминларзаи нав дар кишвар

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ба нақл аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маркази заминларза дар километри 132-юми самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе ва дар километри 50-уми самти шимолу ғарби минтақаи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умқи 11 километр ҷойгир буд.

Қувваи заминларза дар марказ 5-6 балл, дар Ғарм 4-5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад