Ҳушдори НАТО ба Чин дар бораи ирсоли силоҳ ба Русия

Ҳамзамон бо ройзании сарони Чин ва Русия, дабири кулли эътилофи НАТО дар бораи ирсоли таслиҳот ба Русия, ба Чин ҳушдор дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳамзамон бо ройзании сарони Чин ва Русия дар шаҳри «Маскав» пойтахти Русия, “Йенс Столтенберг”,  дабири кулли иътилоф НАТО ба Чин нисбат ба ирсоли таслиҳоти маргбор ба Русия ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории «Рейтер» Йенс Столтенберг рӯзи сешанбе гуфт: «мо ҳеҷ мадраке мабни бар инки Чин таслиҳоти маргбор ба Русия таҳвил медиҳад надидаем, аммо нишонаҳое дорем, ки нишон медиҳад ин дархости Русия буда ва ин мавзӯъе аст, ки тавассути мақомоти чинӣ дар назар гирифта шудааст.»

Дабири кулли НАТО идома дод, Чин набояд ба Русия кумакҳои таслиҳотии маргбор ироа кунад, ин ба маънои ҳимоят аз ҷанг ғайриқонунӣ аст.

Ин гузориш ҳокӣ аст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба ҳамтои чинии худ гуфт Маскав тарҳи 12 модаӣ Пекин барои «хотима додан ба буҳрони ҳод дар Украина»-ро маврид баррасӣ қарор хоҳад дод. Путин гуфт: «мо ҳамеша аз раванди музокирот истиқбол мекунем.»

Чин моҳи гузаштаи мелодӣ як тарҳи 12 моддаӣ барои сулҳ дар Украина пешниҳод дод. «Тарки хусуматҳо» ва аз саргирии музокироти сулҳ аз ҷумла мфодди ин тарҳ аст. Дар тарҳи Чин ишорае ба зарурати ақибнишинии неруҳои Русия аз Украина, ки Киев онро пешшарти ҳар музокирае эълом кардааст.

Пештар, сухангӯи шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед гуфта буд, ки Вашингтон ҳар гуна тарҳи сулҳ дар иртибот бо ҷанги Украинаро дар шароити кунунӣ ғайриқобилиқбул медонад. «Ҷон Керби» сухангӯи шӯрои амнияти миллии Амрико бо ишора ба сафари «Си Ҷин Пин», раиси ҷумҳури Чин ба Русия барои дидор бо Владимир Путин ҳамтои русии худ гуфт, ки Вашингтон ҳар гуна ибтикори сулҳ, ки аз нишасти онҳо ҳосил шавадро рад хоҳад кард

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад