Дар кадом кишварҳо панҷшанбе аввали Рамазон аст?

Шумори зиёде аз кишварҳои арабӣ чоршанберо охири мори шаъбон ва панҷшанберо аввалин рӯз моҳи шарифи Рамазон эълон карданд.

Расонаҳои арабӣ эълон карданд, кишварҳои мутааддиде аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувайт ва баҳрайн шаби гузашта эълон карданд, рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон панҷшанбе хоҳад буд, зеро ҳилоли моҳи Рамазон дар шомгоҳи сешанбе дида нашудааст.

Арабистон эълон кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба инки ҳилоҳи моҳи Рамазон дар шуморе аз марокизи расад дар подшоҳӣ дида нашудааст, рӯзи панҷшанбе аввалин рӯз моҳи шарифи Рамазон аст.

Қатар ҳам чоршанберо охирин рӯзи моҳи шаъбон эълон карду панҷшанберо аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон эълон кард.

Аммо шайх Муҳаммад Ҳусайн, муфтии Қудс ва Фаластин эълон кард, ки имрӯз (чоршанбе) аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон аст.

Дорул-ифтои Миср ҳам панҷшанберо ба унвони аввалин рӯзи моҳи Рамазон эълон кард.

Бар асоси эълони Афшини Муқим, суханӯи Кумитаи Дини Тоҷикистон, моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 23-уми март (панҷшанбе) оғоз мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад