23 март оғози моҳи шарифи Рамазон

Шӯрои уламои Тоҷикистон эълон кард, ки 23 март оғози моҳи шарифи Размон дар кишвар мебошад.

Бар асоси эълони суханӯи Кумитаи Дин, Афшини Муқим моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 23-уми март оғоз мешавад.

Тибқи эълони Шӯрои уламо, нисоби закот 32 300 сомонӣ муқаррар шудааст, ки 800 сомонӣ аз он закот дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, фитри рӯза 7 сомонӣ чун соли қабл бидуни тағйир мондааст.

Маблағи фидяи савм–пардохти рӯзадорӣ барои онҳое, ки узри динӣ доранд (Шайх Фонӣ), инчунин беморони дармонда, барои 30 рӯз 420 сомонӣ муқаррар шудааст.

Фидяи савмро афроде месупоранд, ки имконияти гирифтани рӯзаро надоранд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи авали моҳи апрел оғоз гардида буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои Ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Фазилати тиловат ва хатми Қуръон дар моҳи мубораки Рамазон

Моҳи Рамазон аз дидгоҳи Ислом ва мо

Фазилат ва ҷойгоҳи моҳи Рамазон дар Қуръон ва аҳодис

Тавба ва истиғфор

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад