Тағйироти кадрӣ дар кишвар

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар Вазорати маориф, Агентии омор, Тоҷикстандарт ва Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ба нақл аз дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ дар бахши маорифро анҷом дод.

Тибқи қарори ҳукумат муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз вазифааш озод шудааст. Ӯ дар ин мақом бештар аз як сол фаъолият кард.

Ҳамин тариқ бо қарори дигари ҳукумат Хайрзода ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин шудааст.

То ин замон ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот буд, ки ҳамакнун сабукдӯш гардид.

Сабаби барканории ӯ расидан ба синни нафақа гуфта мешавад. Мавсуф сар аз соли 2016 мансаби ректориро ба зима дошт.

Ҳамчунин тағйирот дар “Тоҷикстандарт” низ сурат гирифт.

Раисҷумҳур Шерзода Ситора Ҷалолро аз вазифаи муовини директори ин ниҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод кардааст.

Акнун курсии Шерзодаро дар ин мақом ба Рустамзода Малоҳат Рустам доданд.

Раҳмон ҳамзамон муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистонро таъин кард. Раҳбари давлат ин курсиро ба Каримзода Раъно Алиҷон бовар кард.

Бо амри президенти кишвар бошад, Назарзода Зарина Нарзиқул муовини директори Агентии омор таъин шуд. Мавсуф дар гузашта, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад