Имзои беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Созишномаҳо дар доираи Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки давоми се рӯз дар Душанбе идома кард, ба имзо расиданд. 

Созишномаҳо дар доираи Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки давоми се рӯз дар Душанбе идома кард, ба имзо расиданд.

Ба гузориши манбаъ:

Муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 30 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, созишномкаҳо дар доираи баргузории Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон имзо шуданд.

Манбаъ меафзояд, имзо шудани созишномаҳои нав ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии давлатҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷўён ва анҷоми корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Дар хабарнома омадааст:

“Ҳамкориҳои феълии донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад ба ноил шудани ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намояд”.

Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин вохӯрии дастаҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои ду кишвар буд, ки дар Душанбе аз 13 то 15 март идома кард.

Масъалаи баргузор шудани форуми мазкур авоили моҳи ҷорӣ дар мулоқоти Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ва сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода баррасӣ кардид.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мақомоти Тоҷикистон аз имзои чаҳор санад дар доираи сафари гӯрӯҳи корӣ ба Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири меҳнат хабар дод.

Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раҳмонзода Абдулғаффор, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон чаҳор санади ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.

Тибқи иттилои манбаъ, Ёддошти тафоҳум байни Агентии муҳоҷирати меҳнатии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳусни нияти ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ дар масъалаҳои назорати давлатии меҳнат ба имзо расид.

Инчунин тибқи иттилои манбаъ, Эъломияи ҳусни ният дар бораи масъалаҳои рақамикунонии муносибатҳои меҳнатӣ ва идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнат байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнати назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, Эъломияи ҳусни нияти ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаҳои таҳсилоти касбӣ ба имзо расонида шуд.

Гуфта шудааст, ки санадҳои мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расондаанд.

Таъкид шудааст, ки санадҳои имзошуда барои густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба заминаи мусоид фароҳам месозанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад