Афзоиши нақзи қонуни муҳоҷират дар пойтахти Русия

Теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират дар пойтахти Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст: будубоши ғайриқонунии хориҷиён бештар ба қайд гирифта шудааст. 

Теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират дар пойтахти Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст: будубоши ғайриқонунии хориҷиён бештар ба қайд гирифта шудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Ҳолатҳои нақзи қонуни муҳоҷират дар Маскав дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 тақрибан 50% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.

Тибқи маълумоти Системаи давлатии иттилоотии бақайдгирии муҳоҷират, соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар мавод омадааст:

“Дар рафти чорабиниҳои санҷишӣ 214 855 қонуншиканӣ дар соҳаи қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия ошкор карда шуд”.

Ин рақам нисбат ба соли 2021 47,1% бештар аст. Илова бар ин, беш аз 2,8 ҳазор далели бақайдгирии қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҷои истиқомат ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.

Ҳамзамон зиёда аз 7,5 ҳазор далели фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ, инчунин беш аз 9,5 ҳазор далели вайрон кардани тартиби ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба меҳнат дар Русия ошкор карда шуд.

Ҳамин тариқ бинобар қонуншиканиҳо вуруди беш аз 48,3 ҳазор хориҷӣ ба кишвар манъ карда шудааст.

Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии пойтахт бошад, дар бораи ихроҷи маъмурии муҳоҷирон аз Федератсияи Русия беш аз 33,2 ҳазор қарор қабул кардааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар Русия теъдоди ҷиноятҳо аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар пайи ҷамъбасти натиҷаҳои кор дар соли 2022 хабар дод, ки дар Русия ҷинояткорӣ дар бахши муҳоҷират афзоиш ёфтааст.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин аз мушкили афзоиши қобили мулоҳизаи аъмоли сангин ва махсусан вазнини муҳоҷирон ёдовар шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 муфаттишон беш аз 2000 парвандаи ҷиноятии муҳоҷиронро ба додгоҳ ирсол намуда, ҳамчунин 136 парвандаи нақзи қонуни муҳоҷиратро тафтиш кардаанд.

Бастрикин инчунин, аз афзоиши ҷиноятҳои киберӣ гуфта, даъват намуд, ки алайҳи ин зуҳурот бояд муборизаи ҷиддӣ бурд.

Қаблан хабар дода шуд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 11 моҳи соли 2022 нисбат ба як соли қабл тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, суръати афзоиши ҷинояткорӣ дар 5 соли охир бесобиқа афзудаст.

Танҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ нисбат ба як соли пеш 15,2% бештар ҷиноят содир кардаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад