Аз Русия дар мубориза бо нозисм ҳимоят мекунем

Президенти Сурия дар мулоқот бо ҳамтои русии худ дар Кремл таъкид кард, ки кишвараш бори дигар аз Русия дар ҷанг алайҳи нозисм ҳимоят мекунад.

Башшор Асад, президенти Сурия рӯзи чоршанбе дар дидор бо Владимир Путин, президенти Русия дар кохи Кремл бар ҳимояти кишвараш аз Русия дар ҷанги Украина таъкид карду гуфт: “Ин аввалин сафари ман ба Русия пас аз ҷанги Украинааст ва бори дигар бар ҳимояти Димишқ аз Маскав дар ҷанг алайҳи нозисм, ки Ғарб аз он ҳимоят мекунад, таъкид мекунам.”

Вай идома дод: “Миллати Сурия аз давлату миллати Русия ба хотири тааҳҳудаш дар эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти арзии Сурия, сипосгузор ҳастанд.”

Асад идома дод: “Имрӯз бозгашти таодулу тавозун ба ҷаҳон зарурӣ аст дар ғайри ин сурат, ҷаҳон ба самти инфиҷору хунрезӣ ва вайронӣ пеш меравад.”

Президенти Сурия тасреҳ кард: “Мо имрӯз аз натоиҷи кори Кумитаи муштараки Русия ва Сурия хурсандем ва сафари имрӯзи ман марҳилаи ҷадиде аз равобит байни ду кишварро дар ҳамаи заминаҳо боз мекунад.”

Владимир Путин, президенти Русия низ дар конфронси муштарак бо Асад эълон кард, ки иуттаассифона миллати Сурия дар маърази ҳодисаи фоҷеа бори зилзила, ки боиси ташдиди ранҷи онҳо шуда, қарор гирифт.

Вай ҳамчунин гуфт, ки равобити Димишқу Маскав тақвият мешаваду мизони табодули тиҷории ду кишвар афзоиш пайдо кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад