Размоиши муштараки Русия, Чин ва Эрон дар дарёи Уммон

Вазорати дифои Чин эълон кард, ки неруҳои дарёии ин кишвар ба ҳамроҳи неруҳои дарёии Русия ва Эрон аз имрӯз машқи низомии баҳрии муштаракеро дар даёи Уммон баргузор хоҳанд кард.

Тибқи гузоришҳо ин размоиши 5 рӯза Камарбанди амнияти дарёии 2023 номгузорӣ шудааст ва аз имрӯз то 19 март дар минтақаи Шимоли Уқёнуси Ҳинд баргузор мешавад.

Дар баёнияи Вазорати дифои Чин омадааст, ки ин машқ ба таҳкими ҳамкории амалӣ байни неруҳои дарёии кишварҳои иштирокчӣ кӯмак мекунад… ва энержии мусбатро ба сулҳу суботи минтақа мерасонад.

Се кишвар аз 4 сол пеш машқе бо унвони “Камарбанди амнияти баҳрӣ” баргузор мекунанд ва Теҳрон мегӯяд, ин размоиш баёнгари равобити роҳбурдиаш бо Чин ва Русия мебошад.

Ин размоиш дар ҳоле анҷом мешавад, ки танишҳо байни Амрико ва Чин бар сари мавзӯъҳои мухталифе аз ҷумла адами интиқоди Чин аз Русия ба хотири ҳамла ба Украина ва ҳамчунин ҳимояти иқтисодии Чин аз Русия ташдид шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад