ВКХ Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст муваққатан аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар изҳороти ин вазорат, ки дирӯз 14 март нашр шуд омадааст, ки «ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии расмӣ сафар ба ин кишварро маҳдуд мекунад».

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст муваққатан аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар изҳороти ин вазорат, ки дирӯз 14 март нашр шуд омадааст, ки «ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии расмӣ сафар ба ин кишварро маҳдуд мекунад».

Вазорат афзудааст: 

«Тибқи иттилои сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон, марзбонон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба қирғизистониҳо иҷозат намедиҳанд, ки вориди ин кишвар шаванд. Дар натиҷа қирғизистониҳо маҷбур мешаванд, ки маблағи иловагӣ сарф карда, билет харанд ва дар минтақаи транзитӣ парвози баргаштро мунтазир монанд».

Ҷониби Тоҷикистон то ҳанӯз дар пайванд ба ин изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон вокуниш нишон надодааст. Аммо дар гузашта ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки шаҳрвандони кишвар ҳини сафар ба Қирғизистон ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Девони вазирони Қирғизистон моҳи майи 2021 бо қабули қароре вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар маҳдуд кард. Ин қарор баъди низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар, ки рӯзҳои 28-30 апрели он сол сурат гирифт, қабул шуд.

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 300 километраш ҳанӯз таъину нишонагузорӣ нашудааст, солҳо боз манбаи низоъ миёни ду кишвар аст.

Душанбе ва Бишкек ҳамеша аз ҳалли мушкил бо роҳи дипломатӣ таъкид мекунанд, вале ҳар чанд вақт ҷанҷолу тирандозӣ дар марз рух медиҳад. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор мекунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар моҳи март намояндагони Қирғизистон ва Тоҷикистон марҳилаи навбатии музокирот оид ба масъалаи қитъаҳои баҳсбарангези марзи муштаракро баргузор мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон аз 10 то 16 марти соли 2023 дар Душанбе бо ҳайати Тоҷикистон мулоқот доир намуда, дар он масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи қитъаи умумии сарҳади давлатиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба гурӯҳи кории Қирғизистон дар ҷаласаи қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон 15 нафар бо раҳбарии намояндаи вижаи Девони вазирон оид ба масоили марзӣ Назирбек Бөрүбоев шомиланд.

Дарозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Аз моҳи декабри соли 2002 музокираҳо оид ба таъини он идома дорад. Аз соли 2017 Душанбе ва Бишкек ин равандро ба таври қобили мулоҳиза густариш додаанд.

Бино ба маълумоти додаи кобинаи вазирони Қирғизистон дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти убури марз аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда мавриди баҳс қарор доранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад