Душанбе мизбони Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон

Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаи Эрон барои ширкат дар комиссияи муштараки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ба Душанбе омадааст.

Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаи Эрон барои ширкат дар комиссияи муштараки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ба Душанбе омадааст.

Ғуломҳусайни Ҳусайниниё, раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси ҳайате барои ширкат дар Комиссияи муштараки ҳамкориҳои фимобайн бо Тоҷикистон вориди Душанбе шудааст.

Вай дар аввали вуруд ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мавриди истиқболи муовини вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон ва намояндагони сафорат қарор гирифт.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки Ҳусайниниё дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо вазир ва дигар мақомоти Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад