ДИИШ масъулияти ҳамла ба ҷамъомади хабарнигорон дар Мазори Шарифро бар уҳда гирифт

Гуруҳи террористии ДИИШ бо нашри баёнияе масъулияти ҳамла ба ниҳоди Тибён дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, расонаҳои хабарӣ эълон карданд, ки гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти таркиши рӯзи шанбе дар маҳалли ҷамъомади хабарнигорони маҳаллиро бар уҳда гирифт.

Рӯзи шанбе таркише дар малаҳҳи ҷамъомади хабарнигорон дар Мазори Шариф рух дод, ки бар асоси оморҳо дар пайи ин ҳамла 3 нафар кушта ва 37 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳарчанд мақомоти Толибон борҳо эълон кардаанд, ки ДИИШ дар Афғонистон заиф шудааст, аммо аксари таркишҳое, ки дар ин авохир дар ин кишвар рух додааст масъулияташро ин гуруҳи террористӣ бар уҳда гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад