Пешниҳоди Медведев барои тағйири номи Украина

Раисҷумҳури собиқи Русия бо ишора ба Степен Бандра, раҳбари миллии украинӣ ва ҳамкори Нозиҳо дар Ҷанги ҷаҳонӣ дувум гуфт, ки номи Украина бояд ба “Императории Бандра” тағйир кунад.

Пас аз онки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба давлаташ гуфт, ки тағйири номи Русияро дар назар дорад, ин пешниҳод аз сӯи Димитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва президенти собиқи Русия матраҳ шуд.

Раисҷумҳури Украина рӯзи ҷумъа ба давлаташ дастур дод тарҳеро барои тағйир додани номи Русия ба “Маскува” номи ғайрирасмие, ки қарнҳо қабл истифода мешудро омода кунад.

Володимир Зеленский ин тасмимро дар посух ба дархости зидди истифодаи номи “Русия” дар Украина гирифтааст. Дар ин дархост иддао шуд Украина бо ба кор бурдани номи “Русия” як “иддаои хатарнок”-ро дар бораи инки ҳамсояаш аз табори давлати асримиёнагии “Рус Киев” аст таъид мекунад.

Димитрий Медведев дар вокуниш ба ин изҳороти Зеленский дар телеграмаш навишт: “Посухи мо…? Фақат императории хуксифати Бандра.”

Степан Бандра дар давраи аввали ҳамлаи Нозиҳо ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бо давлати Адолф Гитлер ҳамроҳӣ кард. Вай сипас тавассути олмониҳо ба далели ихтилофоте бар сари ояндаи Украина дастгир ва зиндонӣ шуд. Бандра пас аз ҷанг ба Ғарби Олмон гурехт; ҷое, ки дар соли 1959 тавассути маъмури КГБ (KGB), ниҳоди иттилоотӣ ва амниятии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ террор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад