Ҳамлаи террористӣ ба ҷамъомади хабарнигорон дар Мазори Шариф

Дар вилояти Бархи Афғонистон дар як ҷамъомади хабарнигорони маҳаллӣ таркиши террористӣ сурат гирифт.

Соати қабл расонаҳои маҳаллии Балх гузориш доданд, ки субҳи имрӯз дар гирдиҳамоии хабарнигорон дар маркази фарҳангии Тибён таркиши террористӣ сурат гирифтааст.

Тибқи гузоришҳо қарор буд дар ин марказ аз хабарнигорон тақдир карда шавад.

Чандин нафар дар пайи ин ҳодиса кушта ва захмӣ шудаанд, аммо ҳануз шумори дақиқи талафот ва моҳияти ин таркиш мушаххас нест.

Қобили зикр аст, ки 5 соли пеш ҳам ДИИШ маркази Тибён дар Кобулро ҳам мавриди ҳамла қарор дода буд, ки дар он ҳодиса 40 нафар кушта ва ҳудуди 100 нафар низ захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад