Давлатҳои ғарбӣ сӯзонандагони Қуръонро муҷозот кунанд

Намояндаи Қатар дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хостори муҷозоти беэҳтиромикунангон ба Қуръони Карим дар кишварҳои ғарбӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз рӯх додани дубораи ин беэҳтиромӣ ба динҳои шуд.

Давлати Қатар бори дигар сӯзондани Қуръони Карим дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва гуфтору рафторҳои нафратангезеро, ки эҳсоси мусалмононро бармеангезад, маҳкум кард.

Ҳинд Абдурраҳмон Мифтоҳ, намояндаи доимии Қатар дар Женева зимни ширкат дар ҷаласаи баррасии гузориши Комиссари олии ҳуқуқи башар дар нишасти 52-юми Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева гуфт, гузориши ин комиссар дар бораи хавфи кирдорхои иғвогаронаи зидди динҳо ва пайравони онхо бояд чиддӣ кабул карда шавад.

Вай ба кишварҳои масъули беэҳтиромӣ кардан ба Ислом муроҷиат карда гуфт: онҳо бояд барои ҷилавгирӣ аз такрори ин амал беэҳтиромикунандагонро муҷозот кунанд, бахусус агар ин амалҳо дидаву дониста ва барои таҳрики эҳсосоти мусалмонон анҷом мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад