Тавофуқи Эрону Арабистон барои азсаргирии равобити дуҷониба

Кишварҳои Эрон, Арабистон ва Чин дар баёнияи муштарак эълон карданд дар натиҷаи гуфтугӯҳои анҷомшуда, Ҷумҳурии исломии Эрон ва подшоҳии Арабистони Саудӣ тавофуқ карданд зарфи ҳаддиаксар ду моҳ, равобити диплумотики худро аз сар гирифта ва сафоратхонаҳо ва намояндагиҳоро бозгушоӣ кунанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, Чин ва Арабистони Саудӣ дар баёнияи муштарак эълон карданд ба дунболи сафари моҳи гузаштаи Иброҳими Раисӣ, президенти Эрон ба Пекин, дарёбон Шамхонӣ дар шаҳри Пекин бо ҳадафи пайгирии тавофуқоти сафари президент, музокироти пай дар пайро бо ҳадафи ҳалли мавзӯъот байни Теҳрон-риёз бо ҳамтои Саудии худ оғоз кард.

Дар поёни ин музокирот, имрӯз баёнияи сеҷонибае дар Пекин бо имзоӣ Алӣ Шамхонӣ, намояндаи раҳбари Эрон ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар, Мусоид бин Муҳаммад Ал-Айбон, вазири мушовир ва узви Шӯрои вазирону мушовири амнияти миллии Арабистони Саудӣ ва Ван И, узви Дафтари сиёсии кумитаи марказии ҳизби камунист ва раиси Дафтари камиссиюни марказии умури хориҷии ҳизб ва узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқи Чин содир шуд.

Матни ин баёнияи се ҷониба:

Дар посух ба ибтикори шоистаи ҷаноби Си Ҷинпин, президенти Халқи Чин дар ҳимоят аз густариши равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва подшоҳии Арабистони Саудӣ, бар асоси асли ҳусни ҳамҷаворӣ ва бо тавваҷӯҳ ба тавофуқи эшон бо сарони ду кишвар дар мизбонӣ ва ҳимоят аз анҷоми гуфтугӯ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва подшоҳии Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин тамоюли ду кишвар ба ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ ва дипломасӣ бар асоси пайвандҳои бародарона ва бо таъкид бар пой бандии ду кишвар ба усулу аҳдофи маншури Созмони Милали Муттаҳид ва маншури Созмони ҳамкории исломӣ ва усулу равияҳои байналмилалӣ, ҳайатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ба раёсати амир дарёбон Алӣ Шамхонӣ, намояндаи мақоми муаззами раҳбарӣ ва дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва подшоҳии Арабистони Саудӣ ба раёсати доктор Мусоид бин Муҳаммад Ал-Айбон, вазири мушовир ва узви Шӯрои вазирону мушовири амнияти миллӣ аз таърихи 6 то 10 марти 2023 дар Пекин бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ва подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сипосу қадрдонӣ аз Ҷумҳурии Ироқу салтанатии Уммон ба хотири мизбонии гуфтугӯҳои анҷом шуда байни ду тараф дар солҳои 2021 то 2022 аз раҳбарӣ ва давлати Ҷумҳурии Халқи Чин барои мизбонӣ ва ҳимоят аз гуфтугӯҳои анҷом шуда дар ин кишвар ва талош барои ба самар нишастани он ташаккур карданд.

Дар натиҷа ӣ гуфтугӯҳои анҷом шуда, Ҷумҳурии исломии Эрон ва подшоҳии Арабистони Саудӣ тавофуқ карданд зарфи ҳаддиаксар ду моҳ, равобити диплумотики худро аз сар гирифта ва сафоратхонаҳову намояндагиҳоро бозгушоӣ кунанд.

Вузарои умури хориҷаи ду кишвар ҷиҳати иҷрои ин тасмим ва анҷоми тамҳидоти лозим барои табодули суфаро бо якдигар мулоқот менамоянд.

Ду кишвар бо таъкид бар эҳтиром ба ҳокимияту адами дахолат дар умури дохилии якдигар дар заминаи иҷрои мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятии имзо шуда дар таърихи 2001.4.17 ва низ мувофиқатномаи умумии ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, сармоягузорӣ, фаннӣ, илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷавонон, имзо шуда дар таърихи 1998.5.27 тавофуқ карданд.

Се кишвар иродаи қотеи худро ҷиҳати ба коргирии тамомии талошҳо барои тақвияти сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ эълон менамоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад