Сайидҳасан Насруллоҳ: аз таҳдидҳои душман наметарсем!

Сайидҳасан Насруллоҳ дар тозтараин суханронии худ изҳор дошт, ки аз таҳдидҳои душман ҳеҷ тарсу ҳаросе надорем ва ба роҳи худ идома медиҳем.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: “муқовимат ҳамон умеде аст, ки пирӯзиҳои сареъро алайҳи душмани исроилӣ рақам зад. Суқути проекти Ховари Миёнаи ҷадид ва суқути проекти Амрикоро дар Ироқ, ба лутфи муқовимат дидем.”

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ибтидои суханронии худ ба муносибати сиюмин солгарди таъсиси муассисаи исломии омӯзиш ва парвариш (мадориси ал-Маҳдӣ)-и Лубнон ва ҳамчунин ҷашни мелоди Имоми Замон (аҷ) ва низ иди муаллим дар Лубнон, ин рӯзро ба ҳама ба вижа муаллимҳои зан ва мард табрик гуфта ва изҳор дошт: “тибқи он чизе, ки дар гузоришҳо мебинем, бидуни шак ин муассисаи исломӣ ба рағми ҳамаи шароити душворе, ки вуҷуд дошт, ба шакли табиӣ ва тадриҷӣ мароҳили пешрафтро тай кардааст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: “ин муассиса чӣ дар сатҳи каммӣ аз назари теъдоди мадорис ва донишомӯзон ва чӣ дар сатҳи кайфӣ ва ҳамкориҳои хориҷӣ ва равобит бо дигар мадорис, пешрафт кардааст. Ба рағми сахтиҳое, ки дар давраи ривоҷи коронавирус буд, ин муассиса тавонист пешрафт кунад ва талошҳои он то имрӯз мутаваққиф нашудааст. Ҳамчунин дар шароити сахти маишатӣ низ пойдорӣ ва устувории шумо дар ин муассиса барои таълим ва омӯзиш, воқеан ҷои қадрдонӣ дорад. Мо ба шумо ба унвони муаллимон ва масъулон дар ин муассисаи исломӣ имон дорем ва шуморо дар сатҳи масъулияти худатон бисёр лоиқ медонем ва ҳамвора ҳамингуна хоҳад буд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ изҳор дошт: “мо таъкид мекунем, ки ҳамаи талошҳои худро барои муҳофизат аз сохтори муассисаи мадориси ал-Маҳдӣ ва масъулони он бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо, ба кор хоҳем баст ва роҳе барои ғалаба бар ин мушкилот хоҳем ёфт. Ҳимояти мо аз ин муассиса сирфан барои муҳофизат аз он нест; балки мо барои пешрафт ва тавсеаи амалкарди ин муассиса дар ҳамаи сатҳҳо талош мекунем. Дар сояи дастрасӣ ба телефони ҳамроҳ ва интернит ҳама чиз дар баробари наслҳои кунунӣ аст.”

 Ғарб фарҳанги моро ҳадаф қарор додааст

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: “Амрико бо интиқоли фарҳанги шайтонии ғарб, одобу русум ва фарҳанги моро ҳадаф қарор додааст. Аз ҷумла хатарҳо дар ин замина, хатари маводи мухаддир ва интишори он аст ва касоне, ки маводи мухаддирро дар ҷомеа ривоҷ медиҳанд ва бо он тиҷорат мекунанд аз бадтарин фосидон дар замин ҳастанд. Эминсозии мадорис як асл буда ва омӯзишу парвариш роҳбари он аст. Дар мадориси ғарбӣ фарёдҳоро дар натиҷаи лағзишҳо ва адами эминсозиҳо мебинем. Касоне ҳастанд, ки илм доранд, аммо аз бадтарин шароит барои сӯистифода аз мардум истифода мекунанд ва бинобарин мо бар тарбият ва омӯзиш таъкид дорем.”

Вай таъкид кард: “вазифаи муаллим зан ва мард ва муассисаи омӯзишӣ ин аст, ки сирфан дар сатҳи ҳирфаӣ боқӣ намонад, балки рӯҳияи паёмбарӣ ва инсониро ба кори худ изофа кунад. Муаллим дар мадраса вазифаи паёмбарӣ ба ӯҳда дорад, яъне дағдағаи ӯ бояд муваффақият ва рушди ҳамаи донишомӯзон бошад. Устод як улгӯ аст бинобарин бояд ба рафтор ва бархурди худ бо донишомӯзон таваҷҷуҳ кунад; зеро як нақши тарбиятӣ ба ӯҳдаи ӯ қарор дорад ва шахсияти вай ба донишомӯзон таъсир мегузорад. Масъулияти ин муассисаи исломӣ дар дараҷаи нахуст, эҷоди наслҳое аст, ки зулм ва саркаширо рад карда ва ба думболи адолат бошанд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “шароити ҷомеа бар ҷанбаҳои мухталиф раванди илмӣ ва омӯзишии кишвар низ таъсир гузошта ва ҳуқуқи муаллимон таҳти таъсир қарор гирифтааст. Дар натиҷа ин шароит бар муассисоти омӯзишӣ низ таъсир гузошта ва хатари таътил шудани мадориси расмӣ барои муддати тӯлонӣ вуҷуд дорад. Дар мадориси ғайридавлатии арзёбишуда, ки мехоҳанд барои афзоиши ҳуқуқи муаллимон, шаҳрияҳоро афзоиш диҳанд. Ин мадорис исрор доранд, ки суди бештаре ба даст биоваранд ва ман оморе дар ин замина дорам.”

Вай илова кард: “бархе тоҷирон ба шиддат тамаъкор ҳастанд ва мо аз қиматҳо иттилоъ дорем ва мебинем иттифоқе, ки меафтад бисёр ғайриинсонӣ ва ваҳшиёна аст. Муаллимон дар мадориси расмӣ ва донишгоҳи Лубнон ҳақ доранд ва иқдом ба эътисоб кардаанд ва ба ин тартиб соли таҳсилӣ ба хатар афтодааст. Давлат бояд ваъдаҳоеро, ки ба муаллимон додааст иҷро кунад ва ман аз муаллимон мехоҳам, ки идомаи кори худро дар замони боқимондаи соли таҳсилӣ як иқдоми инсонӣ ва ахлоқӣ ба шумор оваранд ва ин амали неке аст, ки дар рӯзи қиёмат натиҷаи онро мебинанд.”

 Ба рӯҳияи умед беш аз ҳар замони дигаре ниёз дорем

Насруллоҳ таъкид кард: “ман аз муаллимон мехоҳам соли таҳсилиро идома диҳанд ва ба эътисоб барнагарданд. Худованд барои инсонҳо мунҷёни бузург фиристод ва онҳо ҳазрати Масеҳ(а) ва Имоми Замон(аҷ) ҳастанд. Ончи, ки имрӯз мо бештар аз ҳар чизе ба он ниёз дорем рӯҳияи умедворӣ аст. Исроил замоне, ки Лубнонро ишғол кард, машғули густариши рӯҳияи ноумедӣ дар миёни мардум шуд, ки паёмадҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошт ва хатарноктарини он пазириши ишғолгарӣ ба дур аз каромат ва ҳокимият ва шарофат буд.”

 Муқовимат муодилаи худро бар душман таҳмил кард

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “аммо муқовимат истод ва пойдорӣ кард ва муодилаеро таҳмил намуд, ки имрӯз мо метавонем ин душмани саҳюнистиро шикаст диҳем ва муқовимат буд, ки пирӯзиҳои сареъро рақам зад. Муқовимат ҳамон умедӣ аст, ки пирӯзиҳои сареъро алайҳи душмани исроилӣ рақам зад. Бо ҳамин умед, муқовимат дар соли 2000 идома ёфт ва дар соли 2006 устувор шуд. Солҳои каме баъд аз он суқути проекти Ховари Миёнаи ҷадид ва суқути проекти Амрикоро дар Ироқ, ба лутфи умед ва муқовимат дидем.”

Вай дар идома изҳор дошт: “ҳамчунин дар гузашта душман аз абзорҳое чун куштор ва оворагӣ ва вайронӣ барои густариши рӯҳияи ноумедӣ дар миёни мо истифода кард. Дар ҷиноят Биърулъабд дар соли 1985 беш аз 75 нафар шаҳид шуданд ва Амрико бо ҳадафи ноумед кардани лубнониҳо як мошини бомбагузоришуда фиристод. Бархе аз касоне, ки муддаии ҳокимият дар Лубнон ҳастанд, дасташон ба хуни шаҳидони инфиҷори Биърулъабд оғиштааст. Аксари шаҳидон дар ин ҷиноят, занон ва кӯдакон буданд ва ин ҷиноят дар рӯзи ҷаҳонии зан анҷом шуд.”

 Ҳаросе аз таҳдидҳои душман надорем

Насруллоҳ идома дод: “ҳадаф аз куштори Биърулъабд эҷоди рӯъб ва ноумедӣ дар дилҳои мо ва талош барои террори Сайид Муҳаммадҳусейни Фазлуллоҳ буд, то зарбаи маҳкаме ба мо ворид шавад. Ҳамаи касоне, ки моро ба қатлу ҷанги низомӣ ва гуруснагӣ таҳдид мекунанд, бидонанд ки ин таҳдидҳо моро наметарсонад ва агар шумо занон ва кӯдакон ва мардони моро бикушед, мо ҳаргиз эҳсоси заъф ва сустӣ нахоҳем кард; зеро ба Худо таваккул мекунем ва ба миллати худ эътимод дорем.”

 Роҳи ҳалҳои Лубнон дохилӣ аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома бо ишора ба буҳрони сиёсии Лубнон гуфт: “дар буҳрони сиёсӣ ва маишатии Лубнон низ ман мегӯям паёми аслии он аст, ки таслим нашавед ва ноумед нагардед; зеро натиҷаи ноумедӣ, таслим шудан аст. Душман мехоҳад мо таслим шавем, аммо ҳаргиз интизори таслим шудани моро надошта бошед. Роҳи ҳалҳо дар Лубнон мавҷуд аст ва набояд таслими шартҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ шавем ва касоне, ки таслим шаванд наҷот пайдо намекунанд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад