Ҳимояти Думаи давлатии Русия аз афви муҳоҷирон

Думаи давлатии Федератсияи Русия аз афви муҳоҷирон ва шаҳрвандони ихроҷшуда аз қаламрави ин кишвар ҳимояту пуштибонӣ кардааст.

Дар Думаи давлатии Русия бар ин назар омадаанд, ки афви муҳоҷирони қаблан ихроҷшуда барои қонуншиканиҳои ночиз ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар соҳаи сохтмон ва Хоҷагии манзилию коммуналӣ кӯмак мекунад.

Артем Кирянов, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати иқтисодӣ ин ақидаро баён кардааст, менависад Интерфакс.

Кирянов гуфтааст: “Албатта, мо намегӯем, ки баргардонидани шахсони машғул ба фаъолияти ғайриқонунӣ лозим аст. Лекин, масалан, афви шахсоне, ки муҳлати будубошро риоя накардаанд ё қонуншикании маъмурӣ содир кардаву ба касе зарарашон нарасидааст, ба ақидаи ман имконпазир аст”.

Ӯ таъкид доштааст, ки сохтори имрӯзаи бозори кор ҳам дар соҳаи сохтмон ва ҳам дар кори зерсохтори Хоҷагии манзилию коммуналӣ мушкилиҳо пеш меорад.

Кирянов илова кардааст: “Аз ин рӯ, агар онҳо хоҳиши омадану бо шартҳои аз ҷониби Русия пешниҳодшуда кор карданро доранд, албатта, мо набояд ба ин муқобил бошем”.

Дар бораи баррасии ин масъала дар мусоҳиба ба “Интерфакс” вакили Думаи давлатии Русия Владимир Ресин низ изҳори назар карда буд.

Ресин афзуд: “Вазорати сохтмон ва ҳукумат вазъиятро пайгирӣ доранд ва омодаанд, ки дар сурати зарурат, тадбирҳои иловагӣ ҷорӣ созанд. Масалан, имкони эълони афв ба муҳоҷирони корие, ки замоне барои риоя накардани реҷаи (қоидаҳои) муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад