Посухи кӯбанда дар интизори Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ

Хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ ва вазорати хориҷаи ин кишвар дар баёнияҳои ҷудогона бо баёни инки Амрико омидона ба афзоиши танишҳо бо Пхенян идома медиҳад, ҳушдор доданд, ки раҳгирии мушакҳои ин кишвар ба масоба эъломи ҷанг аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, баъд аз бетаваҷҷӯҳии кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико ба ҳушдорҳои Кореяи Шимолӣ дар бораи баргузории размоишҳои низомии муштарак, Пхенян дар бораи посухи кӯбанда ба ин иқдомоти таҳрикомез ҳушдор дод.

Вазорати хориҷаи Кореяи Шимолӣ бомдоди сешанбе тайи баёнияе бо муқассир донистани Амрико дар афзоиши омидонаи танишҳо бо ин кишвар аз тариқи размоиш бо ҷануб, гуфт: «бовҷуди ҳушдорҳои мукаррари мо, Иёлоти Муттаҳида амдан ба вахим кардани авзоъ доман мезанад».

Ба навиштаи хабаргузории Фаронса, дар ин баёния омадааст: «размоиши ҳавоӣ ахир ошкоро нишон медиҳад, ки тарҳи Амрико барои истифода аз таслиҳоти атомӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ, дар сатҳи як ҷанги воқеӣ дар ҳоли пешрафти рӯ ба ҷилав аст».

Пхенян зимни ибрози таассуфи амиқ аз зӯрозмои ғайримасъулона ва нигаронкунандаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, изофа кард: «онҳо доиман дар ҳоли кашондани вазъият дар шибҳиҷазираи Кореяи ба шароити ғайриқобили пешбини ҳастанд. Агар иқдомоти таҳрикомези низомии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ идома ёбад, ҳеҷ тазмине нест, ки даргирии физикии хушунатбор дар шибҳиҷазираи Кореяи рух надиҳад, ки дар он ҳаҷми зиёде аз неруҳои мусаллаҳи ду тараф ба шиддат бо ҳам даргир хоҳанд шуд».

Ҳамзамон “Ким Йо-Ҷонг”, хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ низ дар баёнияе ҷудогона ҳушдор дод, ки Пхенян омодааст то иқдомоти кӯбандаеро алайҳи фаъолитҳои низомии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ анҷом диҳад.

Ба навишта хабаргузории “Ёнхап”, хонуми Ким бо баёни инки Кореяи Шимолӣ ҳар талоши Амрико барои раҳгирии мушакҳои шилликшуда тавассути ин кишварро ба масобаи эъломи ҷанги ошкор алайҳи худ медонад, гуфт: «Мо таҳаррукоти низомии неруҳои Амрико ва артиши дастнишондаи Кореяи Ҷанубиро расад мекунем ва ҳамвора барои анҷоми иқдоми муносиб, сареъ ва кӯбанда дар ҳарзамоне, ки лозим бидонем, омода ҳастем».

Вай дар вокуниш ба изҳороти “Ҷон Аквилино”, фармондеҳи неруҳои амрикоӣ дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором мабнӣ бар инки мушакҳои шилликшуда тавассути Кореяи Шимолӣ ба самти Уқёнуси Оромро раҳгирӣ мекунанд, таъкид кард: «Агар чунин иқдоми низомӣ барои мудохила дар озмоишҳои таслиҳоти роҳбурдии мо -, ки бидуни хатар барои амнияти кишварҳои ҳамсоя ва дар осмон ва обҳои озод, ки мутааллиқ ба Амрико нест анҷом мешавад – сурат бигирад, ин иқдомро эъломи ҷанги ошкор алайҳи Кореяи Шимолӣ медонем».

Пеш аз ин, вазорати хориҷаи Кореяи Шимолӣ бомдоди якшанбе аз Созмони Милал хоста буд то фавран ба размоишҳои низомии муштараки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, ки боиси афзоиши танишҳо дар минтақа мешавад, поён диҳад.

Ин ҳушдорҳо баъд аз он аст, ки мақомҳои Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ тайи нишасти хабарии муштарак дар Сеул эълом карданд, ки размоиш низомии 11 рӯза барои муқобила бо таҳдидоти Кореяи Шимолӣ, 11 март оғоз мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад