Афзоиши ҷинояткорӣ байни муҳоҷирон дар қаламрави Русия

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар Русия теъдоди ҷиноятҳо аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар Русия теъдоди ҷиноятҳо аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар пайи ҷамъбасти натиҷаҳои кор дар соли 2022 хабар дод, ки дар Русия ҷинояткорӣ дар бахши муҳоҷират афзоиш ёфтааст.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин аз мушкили афзоиши қобили мулоҳизаи аъмоли сангин ва махсусан вазнини муҳоҷирон ёдовар шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 муфаттишон беш аз 2000 парвандаи ҷиноятии муҳоҷиронро ба додгоҳ ирсол намуда, ҳамчунин 136 парвандаи нақзи қонуни муҳоҷиратро тафтиш кардаанд.

Бастрикин инчунин, аз афзоиши ҷиноятҳои киберӣ гуфта, даъват намуд, ки алайҳи ин зуҳурот бояд муборизаи ҷиддӣ бурд.

Қаблан хабар дода шуд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 11 моҳи соли 2022 нисбат ба як соли қабл тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, суръати афзоиши ҷинояткорӣ дар 5 соли охир бесобиқа афзудаст.

Танҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ нисбат ба як соли пеш 15,2% бештар ҷиноят содир кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад