Бозҳам заминҷунбӣ дар ВМКБ

Ин навбат ҳам маркази заминҷунбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ин минтақаро чанд ҳафта боз заминҷунбӣ такон медиҳад.

Ин навбат ҳам маркази заминҷунбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ин минтақаро чанд ҳафта боз заминҷунбӣ такон медиҳад.

Ба гузориши манбаъ:

ВМКБ аз субҳи 4 март то нимарӯз аллакай ду маротиба заминҷунбӣ такон дод.

Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод, ки заминҷунбӣ дуввум соати 11:36 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод.

Шиддати ларзиши замин 3.6 бал арзёбӣ шуда, он дар умқи 215 километр сар задааст.

Феълан мақомоти Тоҷикистон расман ба вуқуъ омадани заминҷунбиро шарҳ надодаанд аз ин рӯ маълум нест, ки заминҷунбии навбатӣ чӣ паёмаде ба бор овард.

Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.

КҲФ пас аз сар задани ин заминҷунбӣ гуфт, дар қаламрави кӯли Сарез ягон тағйирот ба қайд гирифта нашуд. Ин ниҳод гуфт, соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Марказҳои зилзилашиносии минтақа аз сабти заминларзаи 4-баллӣ дар шарқи ВМКБ, дар наздикии кули Сарез иттилоъ доданд.

Тибқи ин гузориш маркази заминларза дар умқи 147 километрии замин ҷойгир будааст.

Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир ВМКБ, асосан қимати шарқии онро силсилаи заминҷунбиҳо фаро гирифтаанд.

Аз ҷумлаи рӯзҳои зилзилахез 23 феврал буд, ки то нисфирӯзӣ дасти кам 8 маротиба замин дар ВМКБ ҷунбидаст.

Ба иттилои КҲФ қавитарини ин заминларзаҳо 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд, ки қувваи он дар марказ 6,8 балл будаст.

КҲФ мегӯяд, системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол буда, яон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бе тағйир буд. Яъне, ҷараён он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад, тавзеҳ дода буд КҲФ.

Ин ниҳод хотиррасон намуд, ки соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад