Бархӯрди маргбори ду қатор дар Юнон

Бархӯрди ду қатор дар Юнон боиси кушта шудани ҳадди ақал 16 нафар ва захмӣ шудани 85 нафари дигар шуд.

Расонаҳои хабарӣ субҳи имрӯз аз бархӯрдӣ ду қатор дар маркази Юнон ва оташсӯзии ҳадди ақал ду вагон хабар доданд.

Бар асоси гузоришҳо, 16 нафар дар пайи ин ҳодиса ҷон бохта ва ҳадди ақал 85 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Мақомоти Юнон зимни эълони маҳори оташсӯзӣ дар бораи сабаби бархӯрди ин ду қатор изҳори назар накардаанд.

Масъулони ин кишвар гуфтаанд, ки ин ду қатор аз сар бо ҳам бархӯрд кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад