Афзоиши 12 дарсадии тиҷорати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022

Тиҷорати мутақобили Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соли 2022 мелодӣ 490.2 миллион доллар будааст, ки дар муқоиса бо соли қабл 12.3 дарсад бештар аст.

Завқӣ Завқизода, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба сарпарастии Лук Девин, мудири бахши амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар умури Русия, шарикони шарқӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин дидор ду тараф зимни ишора ба афзоиши 12.3 дарсадии тиҷорати мутақобил дар соли гузаштаи мелодӣ нисбат ба соли 2021 изҳор доштанд, ки ин шохис бо дар назар гирифтани захоир ва фурсатҳои густардаи мавҷуд метавонад боз ҳам болотар бошад.

Дар бахши дигари ин дидор шитоббахшӣ ба раванди пайвастани Тоҷикистон ба системаи умумии тарҷеҳоти Иттиҳоди Аврупо (GSP+), ҷазби будҷаи бештар дар заминаҳои иқтисоди миллӣ, раванди иҷрои барномаи шохиси Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027 мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки дар чорчӯби барномаи шохиси Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027 авлавият ба ҳавзаҳои иқтисоди сабз ва диҷитол, ҳуши маснуӣ ва тиҷорати электроник дода шавад.

Дар поёни ин дидор ду тараф бори дигар омодагии худро барои густариши бештари равобити мутақобили судманд иброз доштанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад