Истеъмори навини ғарбиҳо бар пояи саркӯби кишварҳои мустақил аст

Дабири Шӯрои амнияти Русия, таъкид кард, ки саркӯби кишварҳои мустақил аз ҷониби Ғарб истеъморгарии тозаро рақам задааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, ки ба Алҷазоир сафар кардааст дар мусоҳибае гуфт: стратегияи хомӯш кардани кишварҳои мустақил, ки ҳам акнун Ғарб ба он мутавассил шудааст, асосан эҳёи шеваҳои қадимии ишғолгарӣ аст.

Дабири Шӯрои амнияти Русия дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Российская Газета” дар зимни сафараш ба Алҷазоир гуфт: “Барномае, ки Ғарб барои сокит кардани кишварҳои мустақил дорад чизе ба ҷуз эҳёи шеваҳои қадимии истеъморгарие, ки дар миёнаи қарни 20-ум, то ҳадди зиёде ба хотири талошҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ фурӯпошиданд нест. Мардуми Алҷазоир ҷузъи аввалин мардумоне ҳастанд, ки худашонро аз султаи истеъморгарон халос карда ва як намунаи муваффақи мубориза барои озодиро эҷод карданд. Алҷазоириҳо беҳтар аз ҳар каси дигаре медонанд; Истеъморгарӣ дар ҳар рангу либосе, ки бошад ҳамвора шарорат меоварад.”

Вай дар идомаи ин мусоҳиба, ба солгарди аввалин озмоишоти ҳастаии фаронсавиҳо дар хоки Алҷазоир (марбут ба феврали 1960) ишора кард.

Патрушев таъкид кард: “Ҳанӯз садҳо ҳазор алҷазоирӣ доранд аз таъсироти даҳҳо инфиҷори ҳастаӣ ранҷ мебаранд. Ман мӯътақидам, ки лозим аст муштаракан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бихоҳем, то ин озмоишот ва дигар рухдодҳои мушобеҳро ба хотир бисупоранд чун, чунин ҷиноятҳо машмули қонуни мурури замон намешванд.”

Ин мақоми аршади Русия гуфт: “Ба эътиқоди ман ин сиёсатҳои Ғарб буд, ки Африқо ва Ховари Миёнаро табдил ба яке аз нооромтарин нуқоти “илтиҳоб” дар ҷаҳон кардааст.”

Ӯ дар идома гуфт: “Мо шоҳиди авоқиби дахолатҳои ошкори Ғарб дар умури ин минтақа ҳатто дар имрӯз ҳастем. Ҳануз марокизи илтиҳоб ва танише, ки онҳо дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо эҷод карданд ба унвони мисол дар Либия, Яман, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо боқӣ ҳастанд. Ин дахолатҳо омили интишори терроризм ва таслиҳоту қочоқи маводи мухаддир мебошад.”

Дар рӯзҳои аввали моҳи феврал, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия низ бо таъна ба сиёсатҳои истеъмории кишварҳои ғарбӣ дар ақсо нуқоти ҷаҳон таъкид кард, ки ғарбиҳо наметавонанд иддаои раҳбарии ахлоқӣ дошта бошанд.

Лавров дар нишасти комиссияи “Ҳамкориҳои байналмилалиии ҳизби Русия муттаҳид” афзуд: Ҷиноёти истеъморӣ маҳдудияти замонӣ надорад ва барои ҳамеша кишварҳои ғарбиро аз ҳаргуна иддаои ахлоқӣ маҳрум мекунад ба хусус, ки ғароиз ва рафтори истеъмории онҳо аз байн нарфтааст.

Вазири хориҷаи Русия изофа кард, Ғарб, ки шукуфоии худро аз тариқи чандин қарн тороҷ ва истисмори кишварҳои дигар ба даст овардааст, ҳамчунон талош мекунад султаи худро ҳифз кунад ва бартарии иқтисодии худро бо ҳазинаи дигарон тавсеа диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад