Тазоҳуроти густурдаи 160 ҳазор нафарӣ алайҳи Нетонёҳу

Шомгоҳи гузашта садҳо ҳазор мӯътариз барои ҳаштумин ҳафтаи паё дар пай алайҳи Нетонёҳу ва кабинаи ифротии вай дар сарзаминҳои ишғолӣ даст ба эътирозоти густурда заданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шомгоҳи гузашта қариб ба 160 ҳазор мӯътариз дар Телавив, Қудси ишғолӣ ва дигар шаҳрҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ барои ҳаштумин ҳафтаи паё дар пай ба хиёбонҳо омада ва алайҳи “Бенёмин Нетонёҳу”, нахуст вазири режими саҳюнистӣ ва кабинаи ростгарои ифротии вай шиор сардоданд.

Манобеи ибрӣ бо ишора ба ҳузури густурдаи мӯътаризон дар ин тазоҳурот дар маркази Телавив, аз баста шудани шуморе аз хиёбонҳо тавассути полиси режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо тазоҳурот алайҳи Нетонёҳу хабар доданд.

Шабакаи хабарии Ал-Маёдин бо ишора ба густариши эътирозот дар сарзаминҳои ишғолӣ, аз пайвастани аносири дастгоҳҳои амниятии режими саҳюнистӣ ба тазоҳурот ва эътирозот хабар дод.

Манобеи хабарӣ аз ширкати диҳҳо ҳазор саҳюнист дар тазоҳурот дар маркази Телавив ва баста шудани шуморе аз хиёбонҳо тавассути полиси режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо тазоҳурот алайҳи Нетонёҳу хабар доданд.

Алорағми эътирозоти густурдаи шаҳракнишинон тайи ҳашт ҳафтаи ахир ба лоиҳаи кобинаи Бенёмин Нетонёҳу нахуст вазири режими саҳюнистӣ барои ислоҳоти қазоӣ густурда, Кнессет дар аввалин қироати ин лоиҳаро тасвиб кард. Нетонёҳу, ки аз солҳо пеш ба иттиҳоми фасод, ришва ва хиёнат дар амонат таҳти муҳокимаи қазоӣ қарор дорад, бано дорад бо ончи онро «ислоҳи низоми қазоӣ» номида, аз муҳокима фирор кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки “Яир Лапид”, раиси ҷиноҳи опозисион ва нахуст вазири собиқи режими саҳюнистӣ пеш аз ин дар бораи муталоши шудани ин режим аз дохил ҳушдор дод. Бар асоси ин гузориш, Яир Лапид рӯз чаҳоршанбе гуфт: Исроил шаш моҳи дигар аз дарун муталоши хоҳад шуд ва ҷомеаи он даргири нафрат аз якдигар хоҳанд буд.

Ин мақоми саҳюнистӣ тайи суханоне дар Кнессети режими саҳюнистӣ хитоб ба “Ярио Левин”, вазири додгустарии ин режим гуфт: Левин, ту масъули ин авзоъ башумор меравӣ чаро, ки раиси кабинаи ҳақиқӣ ту ҳастӣ. Масъули ончи дар ҳоли ҳозир рух медиҳад ту ҳастӣ. Моро бо ҳарф задан аз гуфтугӯ (пиромун ислоҳоти қазоӣ) аҳмақ фарз накун вақте, ки худат ин қонунро тасвиб мекунӣ. Дурӯғ кофӣ аст.

Бенёмин Нетонёҳу талош карда дар ҳафтаҳои ахир бо тасвиби ислоҳоти қазоӣ, худашро аз барканорӣ аз сӯи додгоҳи олии режими саҳюнистӣ пеш аз поёни даврони нахуст вазириаш бираҳонад.

 تظاهرات گسترده ۱۶۰ هزار نفری علیه نتانیاهو+ فیلم و تصاویر تظاهرات گسترده ۱۶۰ هزار نفری علیه نتانیاهو+ فیلم و تصاویر

 تظاهرات گسترده ۱۶۰ هزار نفری علیه نتانیاهو+ فیلم و تصاویر

 تظاهرات گسترده ۱۶۰ هزار نفری علیه نتانیاهو+ فیلم و تصاویر تظاهرات گسترده ۱۶۰ هزار نفری علیه نتانیاهو+ فیلم و تصاویر

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад