Ташдиди рӯёрӯии Русия ва Амрико ва таваққуфи иҷрои Паймони старти ҷадид

Думаи давлатии Русия рӯзи чаҳоршанбе лоиҳа пешниҳод аз сӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар дар мавриди таълиқи мушорикати Русия дар Паймони коҳиши таслиҳоти стратегӣ (Старти ҷадид)-ро тасвиб кард. Дар матни ин санад омадааст, ки ин қонун пас аз интишор расмӣ лозимулиҷро мешавад. Тасмим дар мавриди азсаргирии мушорикати Русия дар ин паймон тавассути раисиҷумҳури ин кишвар иттихоз хоҳад шуд.

Паймони старти ҷадид(New Start Pact) охирин паймони муҳим дар заминаи контроли таслиҳоти ҳастаии стратегӣ аст, ки ҳанӯз ба ҳаёти худ идома медиҳад. Ин паймон дар ростои коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ таҳоҷумии стратегӣ дар 8 апрели 2010 дар Прага ба имзои раисони ҷумҳури вақти Амрико ва Русия расид ва барои муддати 10 сол лозимулиҷро шуд. Давлати Трамп бо эъломи шуруте амалан дар масири тамдиди он монеатарошӣ кард, аммо давлати Байден пас аз музокирот бо Русия,дар феврали 2021 иҷрои онро ба муддати 5 сол тамдид намуд.

Путин рӯзи сешанбе дар паёме ба Маҷмаи федерал бо эълони инки Русия аз Паймони старти ҷадид хориҷ намешавад, таъкид кард, ки Русия мушорикат дар Паймон стартро таълиқ мекунад. Ӯ тасреҳ намуд, ки қабл аз бозгашт ба баҳс дар мавриди ин паймон, «бояд дар мавриди кишварҳои муддаӣ монанди Фаронса ва Бритониё, ки имкони ҳамлаи таркибиро доранд ва ҳамчунин зарродхонаҳои стратегии онҳо низ сӯҳбат кунем».

Иқдоми Русия дар таваққуфи иҷрои Паймони старти ҷадид вокуниш ба мавзеъгириҳои ҷангталбона ва зидди русии Амрико аст, ки бавижа тавассути Ҷо Байдан, раисиҷумҳури ин кишвар дар ҷараёни сафари аврупоии вай баён шудааст. Байден дар суханронӣ ба муносибати нахустини солгарди ҷанги Украина дар Варшава пойтахти Полша гуфт: Ман ба шаҳрвандони рус мегӯям, мо барои ишғол ё нобудии кишварашон талош намекунем ва ин Путин буд, ки роҳи ҷангро интихоб кард. Ғарб барои ҳеҷ гуна ҳамла алайҳ Русия барномарезӣ намекунад.

Байден идома дод: Путин бо ҷанг алайҳи Украина талош кард, ҷаҳонро нобуд кунад, вале мо барои муқобила бо паёмадҳои ин тасмими ӯ муттаҳид хоҳем шуд.

Ин суханони Байден, ки зоҳиран ба маънои нафии таҳдид алайҳи Русия, аммо дар воқеъ навъе таҳдиди ошкори мавҷудияти Русия аст, бо вокуниши тунди Маскав мувоҷиҳ шуд. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия гуфт, агар Амрико мехоҳад моро шикаст диҳад, аз худмон бо истифода аз ҳама таслиҳот, аз ҷумла силоҳи ҳастаӣ дифоъ хоҳем кард. Исрори Вашингтон бар шикасти Русия, заминасози ҷанги ҳастаӣ хоҳад шуд.

Бад-ин тартиб Русия дар мунозиаи кунунӣ бо Ғарб ба саркардагии Амрико ҳаракате анҷом дод, ки барои Вашингтон ғайри мунтазира будааст. Дар воқеъ ин амрикоиҳо будаанд, ки ҳамвора бо баҳонаҷӯӣ дар бораи тахаллуф аз иҷрои паймонҳои контроли таслиҳот монанди Паймон нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (INF) ва Паймони осмонҳои боз аз ин муоҳидот хориҷ шуданд. Дар муқобил Маскав ҳамвора хоҳони ҳифз ин паймонҳо будааст. Аммо акнун шароити амниятӣ дар Аврупо ба гунае рақам хӯрдааст, ки аз дигоҳи мақомоти аршади Русия, тадовуми иҷрои Паймони старти ҷадид ба зарари манофеи ин кишвар буда ва амнияти онро дар маърази хатар қарор хоҳад дод. Истидлоли Русия бар ин мабно устувор аст, ки дар ҳоле, ки Ғарб аз ҳамаи тавони худ барои кумакҳои низомӣ ва таслиҳотӣ ба Украина истифода мекунад, дар айни ҳол хоҳони бозрасӣ аз таъсисоти стратегии Русия дар чорчуби мафоди Паймони старти ҷадид аст, ки иттилоот иҳосил аз он ба таври ҳатм дар ихтиёри Украина барои ҳамла ба ин таъсисот қарор хоҳад гирифт.

Дар айни ҳол Русия шарти ҷадид барои азсаргирии иҷрои ин паймони муҳими контроли таслиҳотӣ матраҳ карда, ки Амрико ва шариконаи аврупоии онро дар вазъият буғранҷ қарор медиҳад.

Дар ин росто Медведев бо ишора ба инки аз имконоти низомии Фаронса ва Бритониё ва иттиҳоди онҳо бо Вашингтон набояд нодида гирифта шуд таъкид кард, ки бояд зарродхонаи ҳастаии Бритониё ва Фаронса дар Паймони старт гунҷонида шавад. Ин шарти Русия аврупоиҳоро дар вазъияти душвор қарор медиҳад ва дар айни ҳол барои Вашингтон низ водор кардани ин ду қудрати ҳастаии Аврупо барои пайвастан ба Паймони старти ҷадид бисёр душвор хоҳад буд. Бад-ин тартиб ба назар мерасад, ки шароити амниятӣ ва низомии кунунии Аврупо аз яксу ва нигаронии Русия аз сӯиистифодаи Амрико ва шарикони аврупоии он аз иҷрои Паймони старт мӯҷиб ба маҳоқ рафтани ин Паймони контроли таслиҳот шуда ва то оянда қобили пешбинии иҷрои он мутаваққиф хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад