Кишварҳои ОМ дар робита бо Ғарб эҳтиёткор бошанд

Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост, ки дар иртибот бо Ғарб эҳтиёткор бошанд.

Михаил Галозин, муовини вазири умури хориҷаи Русия, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) дархост кард, ки ҳангоми барқарории равобит бо Ғарб эҳтиёткор бошанд.

Вай гуфт: мо бо дӯстони Осиёи Марказии худ ба ёд дорем, ки хадамоти ба зоҳир хуби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба чи амре табдил мешаванд. Маслан поёни тарҳи Афғонистон ва Амрико ба ҷуз нооромиву вайронӣ чизи дигареро ба ҳамроҳ дошт?

Ба гуфтаи вай, дар дунёи имрӯз, ки ба таври физояндае чанд қутбӣ мешавад ҳеҷ ҷое барои озмоишҳои демократикони Вашингтон, ки дар беҳтарин ҳолат ба инқилобҳои рангӣ хатм мешавад вуҷуд надорад.

Ин дипломати рус дар посух ба суоле дар мавриди таомули кишварҳои ОМ, ки узви ҷомеа Ҳамсуд ҳастанд бо Амрико гуфт: дар ин шароит аз шуракои Осиёи Марказии худ даъват мекунем, ки ҳини эҷоди таомул бо кишварҳои ғарбӣ то ҳадди имкон муроқиб ва эҳтиёткор бошанд.

Галозин гуфт: муътақидем, ки суботу амнияти  Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеаи Ҳамсуд дар дараҷаи аввал вазифаи кишварҳои узв аст на бозигарони фароминтақавӣ, ҳамон тавре, ки дар боло зикр шуд аҳдофи машкукеро дунбол мекунанд. Барои ҳалли муваффақиятомези он мо аз ҳамаи абзорҳо аз ҷумла ҷомеаи Ҳамсуд, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, тавофуқоти дуҷонибаи муртабит бархӯрдорем.

Вай афзуд: дар ин замина наметавонам ҳаводиси моҳи январи соли гузаштаи Қазоқистонро ба ёд наёварам замоне, ки иқдомоти сариъу ҳирфаии неруҳои ҳофизи сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо нақши таъйинкунандаи Русия ба давлати қонунии Қазоқистони имкони бозгардондани назмро дар асраи вақт фароҳам кард. Ин амр беҳтарин гувоҳ бар асарбахшии Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад