Изҳори сипоси Туркия ва Сурия ба давлату миллати Тоҷикистон

Президентҳои ду кишвари зилзилазадаи Туркия ва Сурия аз давлату мардуми Тоҷикистон барои кумакҳои имдодӣ ташаккур кардаанд.

Президентҳои ду кишвари зилзилазадаи Туркия ва Сурия аз давлату мардуми Тоҷикистон барои кумакҳои имдодӣ ташаккур кардаанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар ҷараёни диду боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой рафта, бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ аз наздик ошно шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд додааст. Вай ба Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кардааст.

Президенти Туркия изҳор доштааст, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯ ва аз фаъолияти имдодгарони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва дақиқа ба дақиқа пайгирӣ мекунад.

Башор Асад, президенти Сурия ҳам аз ҳамдардӣ ва кумакҳои давлат Тоҷикистон ташаккур кардааст.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Сурия бо Башор Асад, раисҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Намояндаи кишвар зимни ин дидор ба президенти Сурия паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмонро оид ба зилзилаи шадид дар он кишвар расонд. Президенти Сурия ҳам аз ҷониби давлату мардуми кишвараш ба ҳамтои тоҷики худ барои ҳамдардӣ ва ирсоли кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор қадрдонӣ кард.

Тарафайн дар идомаи ин дидор дар мавриди густаришу тақвияти бештари равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва дигар мавзӯъоти муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳс ва табодули назар карданд.

17 феврал, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ эълом карда буд, ки ба зудӣ ба мардуми осебдидаи Сурия бар асари зилзилаи шадид 50 тонна кумаки башардӯстона, аз ҷумла маводи ғизоӣ, лавозими хонагӣ ва беҳдоштӣ ирсол хоҳад шуд. Вай ҳамчунин илова кард, ки дар ҳоли ҳозир дар урдугоҳҳои Сурия беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва мақомоти кишвар дар талош барои бозгардондани онҳо ба меҳан ҳастанд.

Сафири Тоҷикистон қабл аз ин бо Файсал Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурия дидор ва дар мавриди густаришу тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва дигар мавзӯъоти мавриди алоқаи тарафайн табодули назар карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад