Қудрати Ҳизбуллоҳ дар муқобила бо ИМА ва ҳампаймононаш

Ҳушдори Сайидҳасан Насруллоҳ ба Амрико ва муттаҳидонаш нишон медиҳад, ки Ҳизбуллоҳ қудрати лозим барои муқобила бо Вашингтонро дорад.

Наиҷаи асосии суханронии оташини Сайидҳасан Насруллоҳ муодилаи ҷадиде дар чорчӯби як ҳушдори воқеӣ ба Амрико ва муттаҳидонаш буд, ки нишон медиҳад Ҳизбуллоҳ қудрати лозим барои таҳти фишор қарор додани Вашингтон ва муқобила бо тавтеаҳои онро дорад.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар суханронии рӯзе панҷшанбеи худ, ки ба муносибати ёдбуди раҳбарон ва фармондеҳони шаҳиди муқовимат баргузор шуда буд, мавозеи қотеъеро дар баробари таҳаррукоти мухарриби Амрико дар Лубнон иттихоз кард, ки дар давраи ахир бесобиқа будааст. Сайид Насруллоҳ дар ин суханронӣ ба таври ошкор хитоб ба амрикоиҳо гуфт, ки агар бихоҳанд дар Лубнон даст аз по хато кунанд силоҳи муқовимат Исроилро нишона мегирад ва ба ҷое зарба мезанад, ки Вашингтон дарди онро эҳсос кунад.

 Барномаи мухарриби ҷадиди Амрико барои ошӯб дар Лубнон

 Бо таваҷҷӯҳ ба таҷриба ва огоҳӣ ва тадбири болои Ҳизбуллоҳ ва шахси Сайидҳасан Насруллоҳ дар мавзеъгириҳои худ дар ҳар заминае, суханони эшон дар рӯзи панҷшанбе сароҳатан нишон медиҳад, ки сигналҳои зиёде аз барномаҳо ва таҳаррукоти мухарриби Иёлоти Муттаҳида дар дохили Лубнон эҳсос шудааст; то ҷое, ки метавонад мунҷар ба инфиҷори густурдаи авзоъ дар ин кишвар шавад, ҳамчунин метавон иттифоқҳои дигареро низ пешбинӣ кард, аз ҷумла инки амрикоиҳо мумкин аст ба самти эҷоди нобасомонии комил дар Лубнон ҳаракат карда бошанд.

 Замоне, ки Сайидҳасан Насруллоҳ дар бораи ошӯб, нобасомонӣ ё фурӯпошӣ сӯҳбат мекунад, мушаххас аст, ки чандин нусха аз барномаҳои Амрико барои муташанниҷ кардани авзои Лубнон вуҷуд дорад. Шароити Лубнон имрӯз ба гунае аст, ки беназмӣ ва азҳамгусахтагиро дар сатҳҳои мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоӣ метавон ба равшанӣ эҳсос кард; ба вижа дар шароите, ки на раисҷумҳуре интихоб шуда ва на як давлати расмӣ рӯи кор аст.

 Бо вуҷуди ин, ниҳодҳои Лубнон дар вазъияти тазалзул қарор доранд, на фурӯпошии комил, аммо дар сурате, ки амрикоиҳо тасмим бигиранд бо ташдиди фишорҳои иқтисодӣ аз байни иқдомоти мушобеҳи таҳримҳоеро, ки ахиран алайҳи бархе ниҳодҳо ва шахсиятҳои лубнонӣ ба иттиҳомоти нораво таҳмил кардаанд, аз назари маишатӣ ва молӣ мардумро ба сатҳҳое биоваранд ва ба хиёбонҳо бикашонанд, бояд мунтазири инфиҷори авзои амниятӣ дар Лубнон бошем, чунин вазъияте мусталзими мудохилаи густардаи нируҳои амниятӣ ва низомӣ ва ба таври куллӣ артиш дар авзои кишвар хоҳад буд, ки ҳамин масъала заминаи муносибро барои интисоби Ҷузеф Увн, фармондеҳи артиши Лубнон ва номзади мавриди назари Амрико ба вазифаи раёсатҷумҳурии Лубнон фароҳам мекунад.

 Дар нишасти 5ҷонибае, ки ахиран бо ҳузури Амрико, Қатар, Арабистон, Миср ва Фаронса дар Париж дар бораи Лубнон баргузор шуд, бо таваҷҷӯҳ ба мавозее, ки тарафҳои мазкур иттихоз карданд, равшан аст, ки онҳо ба думболи ҳалли буҳрони Лубнон нестанд, аммо стратегияи ҷадиде, ки муқобили ин кишвар тарсим кардаанд, ташдиди фишорҳо дар абъоди мухталиф аст. Дар ин иҷлос намояндаи Амрико бо дигар тарафҳои ҳозир дар бораи лузуми эъмоли сатҳи ҷадиде аз фишор бар лубнониҳо ҷиҳати интихоби раисҷумҳур ба тавофуқ расиданд; раисҷумҳуре, ки дилхоҳи ҳамин тарафҳо бошад.

 Сулаймон Фаранҷия, раиси ҷараёни Марда яке аз номзадҳои барҷастаи раёсатҷумҳурии Лубнон дар нишасти Париж тавассути Арабистон вето шуд; чароки Риёз муътақид аст Фаранҷия аз ҳампаймонони Сурия ва низ номзади мавриди назари Ҳизбуллоҳ аст, ҳамин масъала мӯҷиб шуд то 5 бозигари мазкур дар арсаи Лубнон муҷаддадан гузинаи аслии дигар яъне Ҷузеф Увнро мавриди баррасӣ қарор диҳанд, албатта ин 5 кишвар дар бораи равишҳои эъмоли фишор бар Лубнон назарҳои мутафовите доштанд.

 Арабистон ва Қатар хостори он буданд, ки бо судури як баёния дар поёни нишасти Париж, ба лубнониҳо дар бораи таҳрими касоне, ки монеи интихоби раисҷумҳур мешаванд ҳушдор диҳанд. Фаронса ин дархости саудиҳо ва қатариҳоро рад кард ва амрикоиҳо сукут карданд, дар ин миён Миср дар талош барои ором кардани авзоъ буда таъкид кард, ки таҳдид ба таҳрим ба маънои мудохила дар умури дохилии Лубнон аст ва мӯҷиби таҳрики сиёсатмадорони ин кишвар мешавад. Пешниҳоди мисриҳо ин буд, ки барои таҳдиди лубнониҳо аз вожаи «паёмадҳо» ба ҷои таҳрим истифода шавад.

 Ташдиди фишорҳои иқтисодии Вашингтон ва муттаҳидонаш зидди Ҳизбуллоҳ

 Пеш аз ин нишаст низ Амрико ва Фаронса ва Арабистон ва Қатар талош доштанд лубнониҳоро дар заминаҳои ғайрисиёсӣ таҳти фишор қарор диҳанд; ҷое, ки саудиҳо таъкид карданд ҳозир нестанд ғайр аз кумакҳои машруте, ки аз тариқи сандуқи муштарак бо Фаронса қасд доранд ба Лубнон бидиҳанд, ҳатто як риёл ҳам ба ин кишвар кумак нахоҳанд кард. Амрикоиҳо ва қатариҳо низ гуфтанд, ки ҳимояти онҳо аз Лубнон маҳдуд ба нируҳои амниятӣ ва артиши ин кишвар хоҳад буд, аз сӯи дигар Фаронса сафири худро ба унвони масъули барномаҳои кумакҳои байналмилалӣ ба Лубнон озими ин кишвар кард.

 Намояндаи Фаронса дар ҳамаи дидорҳое, ки бо мақомот ва масъулони лубнонӣ дошт зимни ҳушдор дар бораи инки феълан кумаки молӣ ба ин кишвар нахоҳад шуд, лубнониҳоро ба далели адами бардоштани ҳеҷ гоми ислоҳӣ ва зери по гузоштани ҳамаи ваъдаҳое, ки ба Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса дода буданд, сарзаниш кард. Масъулони Сандуқи байналмилалии пул дар Бейрут низ, ки мақомоти лубнонӣ аз ҷумла Наҷиб Миқоти, нахуствазири давлати муваққати Лубнон умеди зиёде ба он баста буданд, ба лубнониҳо иттилоъ доданд аз онҷое, ки Лубнон ҳеҷ як аз шартҳо ва қонунҳои ин сандуқро ба вижа дар бахши молӣ ва бонкӣ иҷро накардааст, кумак ба он мақдур нест.

 Тавтеаи тозаи амрикоиҳо зидди Ҳизбуллоҳ бо истифода аз «Риёз Салома»

 Дар замони авҷи ин фишорҳои молии густурда алайҳи Лубнон, вазорати хазонадории Амрико чанд рӯзи қабл ба фосилаи кӯтоҳе аз иҷлоси Париж бо иддаои норавои худ мабнӣ бар инки «Риёз Салома» раиси Бонки марказии Лубнон бо Ҳизбуллоҳ ҳамкорӣ кардааст, эълом кард, ки қасди аъмоли таҳримҳое алайҳи вай дорад. Дар ин шароит, ки баъд аз анҷоми таҳқиқоти аврупоиҳо дар бораи парвандаҳои Риёз Салома, ӯ ба унвони муттаҳами якуми буҳрони иқтисодӣ ва молии Лубнон шинохта шудааст, амрикоиҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки бо барқарории иртибот миёни парвандаи Риёз Салома ва Ҳизбуллоҳ метавонанд дар замони буҳрони сиёсии Лубнон, Ҳизбуллоҳро дар баробари фишори афкори умумӣ қарор диҳанд.

 Тибқи сенарияе, ки Иёлоти Муттаҳида тарсим кардааст, ин фишорҳои иқтисодии физоянда дар ниҳоят мунҷар ба як нобасомонии густурда дар Лубнон хоҳад шуд ва ба ин тартиб ангушти иттиҳом дар бораи эҷоди ошӯб ба самти Ҳизбуллоҳ гирифта мешавад,

 Ин дар ҳолест, ки Риёз Салома аз замони вуруд ба Бонки марказии Лубнон ҳамвора сиёсатҳои тарроҳишуда аз ҷониби Амрикоро иҷро мекардааст ва ба марди шумораи яки Иёлоти Муттаҳида дар Лубнон, ки мунҷар ба фурӯпошии системаи бонкӣ ва молии ин кишвар шудааст шӯҳрат дорад, манобеи огоҳи лубнонӣ дар ин замина мӯътақиданд Амрико ҳамчунон ба ҳимоят аз Риёз Салома ва эҷоди масуният барои вай дар дохили Лубнон идома медиҳад аммо баъд аз фишорҳое, ки ахиран ба раиси Бонки марказии Лубнон дар парвандаҳои фасод ва дасткории бозори арз ва суқути пули Лубнон ва… ворид шудааст, Вашингтон талош дорад ҳамаи ин тахаллуфҳои Риёз Саломаро мутаваҷҷеҳи Ҳизбуллоҳ кунад; бо ин иддао, ки масъулони Бонки марказии Лубнон ва шахси Салома барои Ҳизбуллоҳ ва Сурия доллар таъмин мекарданд.

 Проекти ошӯби режими саҳюнистӣ дар Лубнон чигуна идора мешавад?

 Аммо масъала ба ҳамин ҷо хатм намешавад ва ахборе аз абъоди дигари проекти меҳвари амрикоӣ барои ошӯбофаринӣ дар Лубнон ва мушаххасан зидди Ҳизбуллоҳ фош шудааст, дар ин росто ахиран сервиси амниятии муқовамати Лубнон иттилооте ба даст овардааст, ки нишон медиҳад режими саҳюнистӣ муздурони ҷадидеро дар Лубнон барои ҷосусӣ аз Ҳизбуллоҳ ҷазб кардааст. Теъдоде аз ин ҷосусон, ки тавассути сервиси амнияти Лубнон дастгир шудаанд эътироф карданд, ки душмани саҳюнистӣ аз онҳо хоста буд илова бар ҷосусӣ аз мавозеи амниятии Ҳизбуллоҳ, иқдом ба интишори матолибе дар қолаби хабар ва мақола дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи Ҳизбуллоҳ кунанд.

 Ҳамчунин иттилоот нишон медиҳад яке аз афсарони Моссад, ки масъули ҷазби ҷосус дар Лубнон аст ба яке аз муздурони худ гуфта буд миқдори зиёде ниқоби тиббӣ тавлид кунад ва байни мардум тавзеъ кунад, ки рӯи он навишта шудааст «Ҳама яъне ҳама ва Насруллоҳ яке аз онҳост». Ин шиоре буд, ки кампайни вобаста ба Амрико дар ҷараёни эътирозҳои октябри 2019-и Лубнон таблиғ мекард ва манзури он зоҳиран барканории ҳамаи масъулон буд, аммо сароҳатан Ҳизбуллоҳро ҳадаф қарор медод.

 Тайи моҳҳои гузашта сервиси амниятии Лубнон даҳҳо шабакаи ҷосусии режими саҳюнистиро дар манотиқи мухталифи Лубнон шиносоӣ ва мунҳадим кардааст, ки маъмурияти муштараки ҳамаи онҳо ҷосусӣ аз муқовимат ва зарба задан ба он будааст, ҳамчунин Исроил корномаи сиёҳе дар харобкорӣ дар Лубнон дорад ва дар ҳамаи таҳаррукоти ошубгаронаи ин кишвар радди пои режими саҳюнистҳо дида мешавад. Мардуми Лубнон фаромӯш намекунанд, ки дар даҳаи ҳаштод ҳангоми таҷовузи ишғолгарон ба ин кишвар, режими саҳюнистӣ чигуна худравҳои бомбагузоришударо дар манотиқи мухталифи Лубнон мунфаҷир мекард ва масъулияти онҳоро ба гардани гурӯҳҳои вобаста ба муқовимат меандохт.

 Илова бар он иттилооте вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад раҳбарони феълӣ ва собиқи Лубнон дар музокироти маҳрамонае, ки тайи рӯзҳои гузашта доштанд дар бораи хатари инфиҷори авзои дохилии Лубнон ҳушдор додаанд, дар ин байн Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири асбақи Лубнон, ки январи соли гузашта канорагирии худро аз дунёи сиёсат эълом кард дар ҷаласаҳое, ке чанд рӯзи қабл дар ҷараёни сафари худ ба Бейрут ба муносибати солгарди террори падараш Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири фақиди Лубнон дошт, дар дидор бо дӯстонаш дар бораи авзои ҳассоси Лубнон ибрози нигаронӣ кард.

 Валид Ҷанбулот, раиси ҳизби сотсиалисти тараққихоҳ низ аз ҳаводоронаш хост муроқиб бошанд ва аз ҳаргуна даргирӣ бо дигарон ё барқарории иртибот бо тарафҳои ношинос худдорӣ кунанд. Набиҳ Бери, раиси парлумони Лубнон низ аз ҷумла мақомоти лубнонӣ буд, ки ба ҳомиёнаш ҳушдор дод муроқиби талаҳое, ки барои фитнҳафрӯзӣ миёни лубнониҳо гузошта мешавад, бошанд ва вориди ҳеҷ танише нашаванд.

 Муодилаи ҷадиди Насруллоҳ барои амрикоиҳо: ба ҷое зарба мезанем, ки дардатон бигирад

 Бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи ин сигналҳое, ки дар бораи тарҳи ҷадиди меҳвари амрикоӣ барои ошӯбофаринӣ дар Лубнон вуҷуд дорад метавон маънои суханони ахири Сайидҳасан Насруллоҳро мутаваҷҷеҳ шуд; суханоне, ки фаротар аз таҳдид буд ва дар қолаби як муодилаи ҷадид дар ҷиҳати муодилоти ҳассосӣ аст, ки ӯ тайи даҳаҳои гузашта дар баробари душмани амрикоӣ-саҳюнистӣ тарсим карда буд.

 Таърихчаи муодилоти Сайидҳасан Насруллоҳ нишон медиҳад, ки ҳамаи ин муодилот бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти замонӣ ва маконӣ ва дар беҳтарин навъи худ тарсим шудаанд ва бештар ҳолати пешгирона доштаанд; ба ин маъно, ки зимни ҳушдор ба душман онро аз анҷоми ҳаргуна ҳаракати мутаҷовизона бозмедорад, намунаи ошкоре дар ин замина муодилаи «Коряш ва фаротар аз он» аст, ки июли гузашта дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар чорчуби ҳушдор ба саҳюнистҳо дар парвандаи марзбандии дарёии Лубнон ва Фаластини ишғолӣ матраҳ кард.

 Баъд аз ин муодила буд, ки саҳюнистҳо ва амрикоиҳо маҷбӯр шуданд аз тарси ҳадаф қарор гирифтани мавозеи Исроил дар дарё ва хушкӣ, аз имтиёзхоҳиҳои худ дар парвандаи марзбандӣ ақибнишинӣ кунанд ва ниҳоятан Лубнон тавонист сарватҳои дарёии худро пас бигирад, дар воқеъ Сайидҳасан Насруллоҳ бо ин муодилот, натанҳо душманро ақиб ронд, балки тавонист шартҳо ва хостаҳои муқовиматро низ ба душманонаш таҳмил кунад.

 Муодилаи ҷадиде, ки дабири кулли Ҳизбуллоҳ рӯзи панҷшанбе тарсим кард низ зимни нишон додани тадбир ва мизони болои огоҳии вай аз ҷузъиёти таҳаввулоте, ки дар Лубнон ва минтақа ва кулли ҷаҳон ҷорӣ аст, ҳушдоре буд барои амрикоиҳо то бидонанд таҳаррукоташон зери назари муқовимат қарор дорад ва Ҳизбуллоҳ қудрати лозим барои муқобила бо тавтеаҳои Амрико ва муттаҳидонашро дорад; ба вижа ҷое, ки Сайидҳасан Насруллоҳ хитоб ба мақомоти амрикоӣ гуфт “агар ба фикри нобасомонӣ дар Лубнон бошед баҳои онро Исроил хоҳад пардохт ва ба ҷое зарба мезанем, ки дардатон бигирад”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад