Тайи  як моҳ 21 нафар дар Хатлон қурбонии садамаҳои нақлиётӣ шудаанд

Бар асоси гузоришҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ теъдоди 24 ҳодисаи маргбори нақлиётӣ дар Хатлон ба вуқуъ пайвастааст.

Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон гузориш дод, ки дар пайи 21 ҳодисаи маргбори нақлиётӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ин вилоят 21 нафар қурбонӣ шудаанд.

Сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилӣ, Ёрмаҳмад Давлатов гуфт, 10 ҳолати он бо иштироки пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст.

“Барои пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ аз ҷониби кормандони БДА-и вилоят шуруъ аз рӯзи 10-уми феврали то 20 феврал, дар ҳудуди вилоят амалиёти “Пиёдагард” гузаронида шуд”,-илова кард номбурда.

Ахиран вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ахир хабар дода буд, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 481 (2021-24 118) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021 1637 ҳолат кам мебошад.

Бо вуҷуди расидани кумакҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ барои ободии роҳҳо тибқи бархе гузоришҳо нокофӣ будани маблағ ва ё тамоман ҷудо нашудани он аз суи ноҳиядорон аз буҷети шаҳру ноҳияиҳо сабаби асосии ногувор будани ҷодаҳо ва яке аз омилҳои садамаҳои нақлиётӣ дониста мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад