Оташзузии маркази савдо дар Хатлон

Алангаи сӯхторро 83 нафар бо ҳафт мошини сӯхторхомӯшкунӣ дар муддати ҳамагӣ бист дақиқа хомӯш намуданд.

Алангаи сӯхторро 83 нафар бо ҳафт мошини сӯхторхомӯшкунӣ дар муддати ҳамагӣ бист дақиқа хомӯш намуданд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шаби 17 ба 18 феврал, дар Маркази савдои ҶДММ “Фархундаи-Шуҳрат” сӯхтор сар зад, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ин марказ ба сокини деҳаи Имоммашраби ноҳияи Панҷ тааллуқ дорад.

Ба иттилои манбаъ, пас аз сар задани сӯхтор ба ҷои ҳодиса 7 мошини сӯхторнишонӣ ва 83 нафар аз кормандони ниҳоди марбута ҳозир шуданд.

Муайян гардид, ки сӯхтор масоҳати 240 метри мураббаъро фаро гирифта буд ва ҳамчунин хавфи ба дигар биною иншоотҳо паҳншуданро низ дошт.

Сӯхторнишонон дар муддати ҳамагӣ бист дақиқа тавонистанд алангаи сӯторро хомӯш кунанд ва ҳамзамон аз доман паҳн кардани он пешгирӣ намоянд.

Зикр гардид, ки сӯхтор 13 адад нуқтаҳои хизматрасониро фаро гирифта буд, вале оташнишонон бинобар зӯд хомӯш кардани оташ, тавонистанд молу маҳсулотро ба маблағи 30 млн сомонӣ аз сӯхтор эмин нигоҳ доранд.

Ҳоло таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз тарафи гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ ва дигар мақомоти дахлдор идома дорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сӯхтор дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сар зада, 17 мағозаро фаро гирифтааст.

Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафтааст. Дар ин бора “Asia-Plus” бо истинод ба Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Қодирзода гуфтааст, ки сӯхтор соати 3-и субҳ сар зада, то соати 5 хомӯш карда шудааст.

Вай гуфтааст:

“Ҳоло сӯхтор хомӯш карда шудааст ва сабабу омили рух додани ҳодиса ва хисороти он муайян карда мешавад”.

Ҳамчунин, ӯ таъкид намуда, ки дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин ва қадимитарин бозорҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад, ки қаблан низ ба коми оташ рафта буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз оғози моҳи декабр дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта мешавад.

Дирӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.

Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.

Бино ба иттилои Қаҳрамон Қодирзода давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 463 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад