Болоравии дубораи Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон

Қимати гази моеъ, яке аз арзонтарин навъи маводи сухт дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир 15% боло шуда якбора ба 3, 9 сомонӣ дакка задааст.

Қимати гази моеъ, яке аз арзонтарин навъи маводи сухт дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир 15% боло шуда якбора ба 3, 9 сомонӣ дакка задааст.

Ба гузориши Sputnik:

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл ин навъ маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар бо нархи 3, 3 – 3, 4 сомонӣ фурухта мешуд.

Зимнан арзиши гази моеъ дар навоҳии шимоли Тоҷикистон то ба 3, 9 сомонӣ баланд шудааст.

Баъзе аз роҳбарони ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт сабаби болоравии нархи газро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд.

“Ба андешаи ман болоравии қурби доллар ба афзоиши нархи маводи сӯхт таъсир расонидааст”, – иброз намуд, Усмон Саидов, роҳбари яке аз ТСН дар шаҳри Хуҷанд.

Ин соҳибкор мегуяд, маводи сӯхт чандест, ки бо рубли русӣ ворид карда мешавад, аммо овозаҳо дар бораи болоравии қурби доллар ба бозори маводи сӯхт бетаъсир намондааст.

Баъзе сокиноне, ки дар бозорҳо фаъолият мекунанд дар бораи баландшавии арзиши доллар дар бозори сиёҳ хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи манобеъ тайи ду рӯзи охир, қимати 100 доллари амрикоӣ аз 1060 сомонии рӯзҳои қаблӣ то ба 1120 сомонӣ дакка задааст. Онҳо мегуянд, болоравии қурби доллар танҳо дар бозори сиёҳ буда, вале нархи аслии он, ки бонкҳои кишвар муқаррар намудаанд аз 1060 сомонӣ бетағйир аст.

Гази моеъ дар муқоиса ба бензин ва дизел як навъи нисбатан арзони маводи сӯхт гуфта мешавад ва ба ҳамин далел бештари худравҳо дар Тоҷикистон тавассути он ҳаракат мекунанд.

Бар асоси нархномаи ҷадиде, ки ширкатҳо мураттаб намудаанд, тағйирот танҳо дар фурӯши газ мушоҳида шуда, арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба мисли рӯзҳои қаблӣ бетағйир аст.

Зимнан арзиши бензини АИ 92 – 7, 8 сомонӣ, АИ 95 – 8, 2 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 6 ва гази моеъ 3, 9 сомонӣ аст.

Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд пас аз соли нав нархи гази моеъ поин рафт. Як литри ин навъи сӯзишворӣ дар қиёс ба ҳафтаи гузашта 20 дирам арзон шудааст.

Дирӯз, 4-уми январи соли 2023 дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд як литр гази моеъ бо нархи 4 сомониву 80 дирам то 4 сомониву 90  дирам ба фурӯш гузошта шудааст, ки арзиши он дар охири сол то 5 сомониву 10 дирамро ташкил медод.

Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондааст. Бензини АИ 92 бо нархи 7 сомониву 60 дирам, АИ 95 — 8 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Гуфтанист, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад