Байден бо иҷозаи Русия ба Украина сафар кард

Муовини Шӯрои амнияти миллии Русия гуфт: сафари раисҷумҳури Амрико ба Украина пас аз дарёфти тазминҳои амниятӣ аз суи Маскав анҷом шуд.

Ба гузориши манобеи хабарии Русия, Димитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти миллии Русия дар бораи сафари имрӯзи Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ба Украина гуфт: “Ӯ пас аз дарёфти кафолатҳои амниятӣ аз суи Русия вориди Киев шуд.”

Пеш аз изҳори назари Медведев, Кохи сафед бидуни ишора ба ҷузъиёт, эълон кард, иртибототи аввалия бо русҳо андаке қабл аз сафари Байден ба Киев барои итминон аз адами даргирӣ ва дар талош барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна тасмими иштибоҳ, ки метавонад ду кишвари муҷаҳҳаз ба силоҳи ҳастаиро ба даргирии мустақим бикашонад, анҷом шуд.

Раисҷмҳури Амрико, ки субҳи имрӯз (душанбе, 20-уми феврал) дар сафари аз пеш эълон нашуда ва амниятӣ, вориди Киев шуд, пас аз гузашти ҳудуди панҷ соат аз ҳузури Байден ва дидор бо ҳамтои Украинияш, пойтахти Украинаро ба мақсади Полша тарк кард.

Пештар шабакаи CNN гузориш дод сафари Байден ба Киев махфиёна анҷом шуд, ки бозтоби ин хабар нигарониҳои амниятии шадид ба вуҷуд овард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад