Агар Чин бо Русия муттаҳид шавад, ҷанги ҷаҳонӣ рӯх медиҳад

Дар идомаи ҳассосиятҳои Ғарб нисбат ба равобити Русия ва Чин дар авҷи ҷанги Украина, Зеленский муддаӣ шуд ҳимояти Пекин аз Маскав, сабаби ҷанги ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

Владимир Зеленский, президенти Украина дар робита ба ҳимояти Чин аз Русия дар ҷанг ҳушдор дода гуфт, ки анҷоми ин кор сабаби оғози ҷанги ҷаҳонӣ мешавад.

Зеленский дар мусоҳиба бо Ройтерз гуфт, барои мо муҳим аст, ки Чин дар ин ҷанг аз Русия ҳимоят накунад. Дар ҳақиқат дӯст дорам Чин ҷонибдори мо бошад. Гарчанде, ки айни замон фикр намекунам ин имкон вуҷуд дошта бошад.

Вай афзуд, агар Чин бо Русия муттаҳид шавад, ҷанги ҷаҳонӣ хоҳад шуд ва мо бар ин бовар ҳастем, ки Чин ба ин масъала огоҳ аст.

Пештар ҳам мақомоти амрикоӣ ба мақомоти Чин дар бораи паёмадҳои ҳаргуна ҳимояти Чин аз Русия дар ҷанги Украина ва кумаки Пекин ба Маскав барои бекор кардани таҳримҳо ҳушдор дода буданд.

Ин иддаоҳо дар ҳоле аст, ки Пекин аз оғози буҳрони Украина ҳамвора таъкид кардааст, ки даргириҳо набояд идома дошта бошад ва поёни ҷангу оташбас зарӯрӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад