Муҳриддин: ҷонибдори тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастем!

 Сироҷуддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи кишвар дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт: мо тарафдори тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастем.

Сироҷуддин Муҳриддин, вазири умури хориҷа дар як нишасти матбуотӣ гуфт: мо тарафдори тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастем.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди равобити Теҳрон ва Душанбе гуфт: дар муддати ахир дидорҳое байни мақомоти ду кишвар дар олитарин сатҳ баргузор шуда ва Тоҷикистон хоҳони тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Вай дар посух ба ин пурсиши хабарнигор, ки «аз вазъияти кунунии равобит миёни ду кишвар чӣ арзёбӣ доред?», изҳор дошт: тайи солҳои ахир диду боздидҳои мақомоти Тоҷикистон ва Эрон дар олитарин сатҳи сиёсӣ ва ҳамчунин дар сатҳи вазоратхонаҳо ва дигар сохторҳои ду кишвар ба сурати матлуб анҷом шудааст.

Вай равобити сиёсӣ миёни Душанбе ва Теҳронро мусбат унвон кард ва гуфт: ба хусус сафарҳои расмии руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон ба кишварҳои якдигар ангезаҳои ҷадиде дар ҷиҳати тавсеаи муносибот эҷод кардааст.

Мансабдори тоҷик бо ишора ба алоқамандии кишвар нисбат ба густариши равобит бо Эрон, баён кард: мо ҷонибдори тақвияти ройзаниҳои муассири сиёсӣ байни ду кишвар ба манзури тавсеаи пойдори муносибот ҳастем. Шоёни ёдоварӣ аст, ки зимни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, ки дар таърихи 29-30 майи соли 2022 анҷом шуд, 17 санади ҷадиди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла барномаи баландмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ то соли 2030 ба имзо расид, ки заминаи таҳким ва густариши ҳарчи бештари равобити миёни ду кишвари ҳамзабонро фароҳам хоҳад кард.

Вазири умури хориҷа дар посух ба саволи хабарнигор дар мавриди инки «дар ҳоле миёни Тоҷикитон ва Толибон равобити расмӣ барқарор нест, мавзӯъи рафту омад, судури раводид ва иқомати шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон ба чӣ сурат анҷом мешавад? Тасреҳ кард: шумо аз мавзеи Тоҷикистон нисбат ба Толибон иттилоъ доред ва ниёзе ба сӯҳбати муҷаддад нест. Дар робита ба пурсиши шумо мехоҳам ба ин нукта ишора кунам, ки раёсати консулии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар соли 2022 барои 61 нафар донишҷӯи афғонистонӣ раводид содир кардааст. Ҳамчунин донишҷӯён афғонистонӣ бар асоси даъвати муассисаҳои омӯзишии Тоҷикистон метавонанд аз намояндагиҳои дипломатик ва консулгариҳои кишвари мо дар хориҷ раводид дарёфт кунанд.

Вай ҳамчунин дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ таъкид кард: мо тарафдори сулҳ субот ва қатъи ҷанг дар Афғонистон ва ободӣ ва пешрафти кишвари бародар ҳастем. Ба сурати табиӣ субот дар Афғонистон замоне таъмин хоҳад шуд, ки як ҳукумати фарогир бо ҳузури тамоми гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ ташкил шавад.

Муҳруддин афзуд: Тоҷикистон дар радифи соири кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи риояти ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва ба вижа дастрасии занон ба омӯзиш ва ҳузури онҳо дар рушди кишварашон нигарон аст ва ҳамеша таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мавзӯъ ҷалб мекунем.

Вай дар идома баён кард: бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Афғонистон, Тоҷикистон тамоми роҳҳои худро барои интиқоли кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба ин кишвар боз нигоҳ медорад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки ба мардуми Афғонистон кумак расонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад