Дидори сафири Тоҷикистон бо президенти Сурия

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тайи паёме ба ҳамтои сурии худ ҳодисаи заминларзаи ахирро тасаллият гуфт.

Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва намояндаи вижаи Эмомалӣ Раҳмон паёми тасаллият ва ҳимяти президенти Тоҷикистонро ба Башор Асад таҳвил дод.

Президенти Сурия дар дидор бо Зубайдов гуфт, зимояти давлату миллати Тоҷикистон аз Сурия дар ин ҳодиса сабаби диргармии миллати ин кишвар хоҳад шуд.

Асад илова кард, тавсеаи равобити дуҷониба бар асоси манофеи муштарак бисёр аҳамият дорад.

Зубайдов ҳам гуфт, ҳадафи аз ин сафар таъкид бар ҳимояти Тоҷикистон аз Сурия ва омодагӣ барои ироаи ҳаргуна кӯмак ба миллати Сурия аст зеро дар чунин ҳодисаҳое кишварҳо ва миллатҳо бояд пӯштибони ҳам бошанд.

Вай афзуд, бовар дорад, ки миллати Сурия ҳамон тавре, ки бо терроризм дар кишвараш муқобила кард ин ҳодисаро ҳам бо қудрат пӯшти сар мегузорад.

Зубайдов гуфт, Тоҷикистон хоҳони тавсеаи равобити дӯстонааст ва амнияту суботи Сурия барои амнияту суботи Ховари Миёна муҳим аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад