Вазири молия миқдори қарзи хориҷии Тоҷикистонро баён кард

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ 3,2 миллиард долларро ташкил додааст.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ 3,2 миллиард долларро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин рақам 28,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣро ташкил дод.

Барои адои қарзи хориҷӣ 254,6 миллион доллар ҷудо шуда, 72 миллион доллари ин маблағ ба фоизҳо равона шудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 19 созишнома ба маблағи 664,9 миллион доллар ба имзо расид, ки 612,3 миллион доллари онҳоро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи созишномаҳои қарзӣ 25,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки 3,9% маблағи умумии онро ташкил медиҳад. Саҳми ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин созишномаҳо 4,1 фоиз ё 26,9 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи шаш моҳи соли ҷорӣ бо афзоиши 2 миллион долларӣ ба 3 миллиарду 300 миллион доллар расид.

Ин шохис баробар бо 37,7 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин мизон қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 100 миллион доллар, мутааллиқ ба Бонки содирот ва воридоти Чин аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 357 миллиондоллар, Бонки Рушди Осиё 291 миллиондоллар ва Бонки Рушди Исломӣ 184 миллиондоллар қарздор мебошад.

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли ҷории 2022 барои бозпардохти қарзи хориҷии ин кишвар маблағи 192 миллиондоллар ҳазина хоҳад шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад