Таъкиди “Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламои Муқовимат” бар лағви фаврии таҳримҳои Сурия

Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламои Муқовимат, ба шиддат таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия ва мардуми Сураяро маҳкум кард ва хостори лағви фаврии он шуд.

 

Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламои Муқовимат, бо судури баёнияе таъкид кард, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия бо маншури ҳуқуқи башар мутобиқат надорад ва ба нафъи душмани саҳюнистӣ ва дар ростои сиёсати ноодилонаи Амрико эъмол шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламои Муқовимат пас аз баргузории нишаст дар шаҳри “Сайдо” дар ҷануби Лубнон дар бораи таҳаввулоти марбут ба зилзилаи Сурия баёнияе содир кард.

Бар асоси ин гузориш, Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламои Муқовимат, дар баёнияи худ бар зарурати лағви фаврии таҳримҳо ва муҳосира алайҳи миллати Сурия таъкид кард.

Ин баёния меофзоед: Таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия бо маншури ҳуқуқи башар мутобиқат надорад ва ба нафъи душмани саҳюнистӣ ва дар ростои сиёсати ноодилонаи Амрико эъмол шудааст.

Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламои Муқовимат, дар бахши дигаре аз баёнияи худ ба иддаои Амрико дар бораи таълиқи муваққати бахше аз таҳримҳо алайҳи Сурия ишора ва таъкид кард: таълиқи бахше аз таҳримҳо алайҳи Сурия ба муддати 180 рӯз, тасмими ноқисе аст, ки нишон диҳандаи идомаи сиёсати ноодилонаи Амрико аст.

Дар поёни ин баёния аз тамоми ибтикорот барои кумак ба осеб дидагони зилзилаи Сурия ба вижа аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Алҷазоир, Либия ва Лубнон, истиқбол ва қадрдонӣ шуд.

Лозим ба зикр аст, ки “Ванг Венбин”, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин низ таъкид кард, ки бо вуқӯъи заминлзла дар манотиқи шимолии Сурия, давлати Амрико бояд фавран таҳримҳо алайҳи давлат ва миллати Сурияро лағв кунад.

Вай дар инбора дар нишасти хабарии имрӯзи худ гуфт: давлати Амрико ба ҷои таълиқи муваққати таҳримҳо, бояд фавран таҳримҳои якҷониба алайҳи Сурияро лағв кунад.

Таҳримҳои золимона ва якҷонибаи Амрико алайҳи давлат ва мардуми Сурия, раванди имдодрасонӣ ба манотиқи зилзилазадаро бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад