Тазоҳурот алайҳи Нетонёҳу дар сарзаминҳои ишғолӣ

Расонаҳои саҳюнистӣ шомгоҳи шанбе аз тазоҳуроти густурда дар сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи кабинаи ифротии Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ барои шашумин ҳафтаи пайдарпай хабар доданд.

 

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Явм”, расонаҳои саҳюнистӣ шомгоҳи шанбе аз тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи кабинаи Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ барое чандмин ҳафтаи пайдарпай хабар доданд.

Бар асоси ин гузориш, даҳҳо ҳазор саҳюнист шомгоҳи шанбе барои шашумин ҳафтаи пайдарпай дар манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи кабинаи ифротии Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ даст ба тазоҳурот заданд.

Дар ҳамин росто, полиси режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо ин тазоҳуроти густурда бисёре аз хиёбонҳоро баст.

Тазоҳуркунандагон ҳамчунин истеъфои Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро ба далели парвандаҳои фасод алайҳи вай хостор шуданд.

Эътирозот алайҳи кабинаи режими саҳюнистӣ ва тарҳи Яриф Левин вазири додгустарии ин режим перомуни ислоҳоти қазоӣ идома дорад.

Исҳоқ Ҳерзог, раиси режими саҳюнистӣ, ба тозагӣ дар суханоне ба нотавонии худаш дар оромсозии шароит дар арозиии ишғолӣ эътироф карда ва гуфтааст: шикофҳое, ки дар Исроил вуҷуд дорад амиқ аст ва мо масири тӯлонӣ барои ҳалли буҳрони пеши рӯ дорем.

Одил Ясин, коршиноси умури сиёсӣ ва дорои тахассус дар умури режими саҳюнистӣ дар ин бора мегӯяд: ончи дар рӯзҳои ахир рух дода ва шоҳиди эътирозоти густурда алайҳи Бенёмин Нетонёҳу, ва хашми бахши бузурги ҷомеаи саҳюнистӣ аз тасмимоти кабина вай будаем.

Михаил Бризон, нависанда ва таҳлилгари саҳюнист дар мақолае, ки дар рӯзномаи Haaretz мунташир шуда, ба баррасии сенарияҳои завол ва нобудии режими саҳюнистӣ пардохтааст.

Вай дар ин мақола баён мекунад, ки режими саҳюнистӣ дар масири новбудӣ ва фурӯпошии дохилӣ пеш меравад ва дар ояндаи наздик ҳеҷ фарди мутамаддини исроилӣ дар он боқӣ намемонад ва ҳама онро тарк мекунанд ва танҳо тундравҳо дар инҷо боқӣ мемонанд ва қудратро то завол ва нобудии ин режим ба даст мегиранд.

Бризон изҳор дошт, ки дар соли 1948 марҳалаи умед оғоз шуд ва дар соли 1967 дувумин марҳала, ки марҳалаи фасод ва нобудӣ буд оғоз шуд.

Дар идомаи ин мақола омадааст, ки дар таърихи 29 декабри 2022 яъне аз вақте, ки Бенёмин Нетонёҳу, муҷаддадан қудратро ба даст гирифт, марҳалаи севум, ки ҳамон марҳалаи нобудӣ аст, оғоз шуд.

Нависанда баён кард, ки ин амр комилан қобили пешбинӣ ва маълум буд, зеро пас аз 55 сол фасод, харобкорӣ, ишғол ва хушунат, ҳеҷ роҳе барои беҳбуди авзоъ боқӣ намондааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад