Таъсири ҷаҳонии пирӯзии Инқилоби исломии Эрон

Роҳпаймоии 22-юми баҳманмоҳ рӯзест, ки ба унвони солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон бо роҳбарии Оятуллоҳ Хумайнӣ(рҳ) ёд мешавад.

Роҳпаймоии 22-юми баҳманмоҳ рӯзест, ки ба унвони солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон бо роҳбарии Оятуллоҳ Хумайнӣ(рҳ) ёд мешавад.

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамасола солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979 таҷлил мешавад ва роҳпаймоии бугуге баргузор мегардад.

Дар ин рӯз мардум дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хиёбонҳо баромада, ҷашну роҳпаймоӣ баргузор мекунанд.

Ҳаракате, ки дар 22 баҳмани 1357 шамсӣ, баробари соли 1979 мелодӣ, таҳти роҳбарии Оятуллоҳ Хумайнӣ пирӯз шуд, имрӯз чароғи ҳаёт барои бисёре аз миллатҳои ҷаҳон аст.

Дар замони муосир 22-юми баҳман, ки рӯзи пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон аст, барои ҷаҳониён як рӯйдоди муҳим ва ғайримунтазира буд.

Ин ҳодисаи бузурги аср муодилаҳои сиёсии истикборро дар идомаи сиёсати хукмронӣ ва тақсимоти мустамликавии чаҳон вайрон кард.

Аз сӯйи дигар, инқилоби Исломии Эрон яке аз режимҳои пойдортаринро аз байн бурд.

Кишвари Эрон бо аҳамияти стратегӣ ва иқтисодии худ барои қудратҳои бузурги ҷаҳон дигаргуниҳои азими сиёси-мардумиро ба вуҷуд овард ва бори дигар Ислом ба унвони қудрати муайянкунанда дар ҷаҳон муаррифи шуд.

Инчунин нигоҳи ваҳдати ҷаҳони Ислом ва истодан дар муқобили истеъморгарони кӯҳна ва нав, эҷоди як қутби нави сиёсӣ дар ҷаҳон ва суқути режимҳои вобаста ва таҳмилӣ дар сарзаминҳои мубораки исломӣ, дар пеши чашмони пурҷӯши беш аз як миллиард мусулмонро ба вуҷуд оварда ва мавҷе аз ваҳшат ва изтиробро дар қалби ҷаҳониён ба вуҷуд овард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад