Қариб 100 тонна кӯмаки Тоҷикистон ба Туркия

Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздики 100 тонна маҳсулоти ниёзи аввал ҳамчун кӯмаки башардӯстон мефиристад.

Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздики 100 тонна маҳсулоти ниёзи аввал ҳамчун кӯмаки башардӯстон мефиристад.

Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздики 100 тонна маҳсулоти ниёзи аввал, оби нӯшокӣ, либосу пойафзоли зимистона, хайма,  кӯрпаю болишт, кати хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстон мефиристад.

Кӯмак бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омода гардида, қисме аз он шаби 8 феврал тавассути ҳавопаймои махсус бо ҳайати расмӣ ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба Туркия фиристода шуд, омадааст дар хабар.

Қаблан КҲФ гуфта буд, ки 50 наҷотдиҳандаи тоҷик ба Туркия барои кӯмак ба осебдидагон рафтанд. Дар назар аст, ки аввал ба шаҳри Ғозиантеп ва баъд ба шаҳри Қаҳрамонмараш равона шаванд.

Наҷотдиҳандагон бо худ таҷҳизоти зарурии наҷотро бурдаанд. Ин барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷоти дармондагон аз зери биноҳои фурӯрафта зарур аст.

Ҳамчунин, ин ниҳод навиштааст, ки якҷо бо наҷотдиҳандагон 25 тонна кӯмаки Тоҷикистон низ ба Туркия фиристода шуд.

Сокинони Душанбе даъвати кӯмак ба осебдидагон дар Туркияро дастгирӣ намуданд. Онҳо аз дирӯз ба Сафорати Туркия либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.

Рӯзи 6-уми феврал заминларзаи бо қувваи 7,7 балл Туркия ва Суриявро такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт. Ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд. Тибқи иттилои охирин, теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 12 391 нафар расида. Дар Сурия ин шумора ба беш аз 2992 нафар расидааст.

Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад