Тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия рекорд гузоштанд

Бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия, 173 ҳазору 634 нафар тоҷикистониён дар соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин рақам шумораи рекордӣ дониста мешавад.

Бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия, 173 ҳазору 634 нафар тоҷикистониён дар соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин рақам шумораи рекордӣ дониста мешавад.

Дар муқоиса бо соли 2021, ки  103 ҳазору 681 нафар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда буданд, омори соли 2022 қариб 70 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Агар омори соли 2022 – ро ба як соли тақвимӣ тақсим кунем, маълум мешавад, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 476 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд.

Дар дарёфти шаҳрвандии Русия байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон пешсафанд.

Соли 2022 ба сурати умум 691 ҳазору 45 нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар панҷгонаи кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор дорад.

Ҳамчунин тибқи маълумоти ВКД Русия, 121 ҳазору 122 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русияро доранд. Ин маънои онро дорад, ки то шаҳрванди Русия шудани онҳо як қадами дигар мондааст. Ба гумони ғолиб, соли 2023 онҳо ба шаҳрвандии Русия соҳиб мешаванд.

Боз 47 ҳазору 987 нафар тоҷикистониён дорои Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) мебошанд. Ин қадами аввал барои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад